Дар Ҷайҳун маблағҳо самаранок истифода мешаванд

Низоми даромад ва хароҷоти давлатӣ заминаи мустаҳкам барои рушди ҳар як ҷомеа аст. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон масъулин бо дарки ин нукта маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро, ки ба ташаккул, тақсим ва истифодабарии фондҳои марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи воситаҳои пулӣ вобастаанд, самаранок истифода мебаранд.

Буҷети маҳалливу ҷумҳуриявӣ

Бино ба иттилои сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун Давлат Гуреззода, буҷети маҳаллии ноҳия Ҷайҳун барои соли 2023 дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз 27-уми декабри соли 2022 №100-6 “Оид ба буҷети ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2023” дар қисми даромад ба маблағи 91965901 сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои мақсаднок 42 899 933 сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 91 179 593 сомонӣ бо касри буҷет ба маблағи 786 308 сомонӣ тасдиқ карда шудааст.

Маблағҳои мақсаднок барои пардохти фонди музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 34 450 000 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилояти ба маблағи 8 449 933 сомонӣ пешбинӣ гардида, 47,0 фоизи буҷети ноҳияро ташкил медиҳад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар 5 моҳи соли 2023 ба маблағи 20599322 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он дар ин давра ба маблағи 20926488 сомониро ташкил медиҳад, ки баробари 101,6 фоизи нақша буда, нисбати нақшаи пешбинишуда 327166 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2323748 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаҳои андозу боҷситонӣ

Бино ба маълумоти сардори Раёсати молияи ноҳия, аз 7 намуди андоз ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар 5 моҳи соли 2023-юм 5 намудаш иҷро гардида, ду намуди дигар иҷро нагардидааст, ки аз ҳисоби ду намуди андози иҷро нагардида ба маблағи 211467 сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст.

Андоз аз даромад мувофиқи нақша 8153596 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 8037704 сомонӣ ё ин ки 98,6 фоиз иҷро гардидааст.

Андоз аз молу мулки ғайриманқул мувофиқи нақша 4434317 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 4447940 сомонӣ ё ин ки 100,3 фоиз иҷро гардидааст.

Андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи нақша 3590151 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 3494576 сомонӣ ё ин ки 97,3 фоиз иҷро гардидааст.

Андози низоми соддакардашуда мувофики нақша 3524772 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 3848527 сомонӣ ё ин ки 109,2 фоиз иҷро гардидааст.

Андози барои захираҳои табиӣ мувофики нақша 251296 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 311060 сомонӣ ё ин ки 123,8 фоиз иҷро гардидааст.

Боҷи давлатӣ мувофиқи нақша 481702 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 496345 сомонӣ ё ин ки 103,0 фоиз иҷро гардидааст.

Пардохтҳои дигари маҳаллӣ мувофики нақша 163488 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 290336 сомонӣ ё ин ки 177,6 фоиз иҷро гардидааст.

— Маблағи бақияпулии андозҳо аз хоҷагиҳо ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия дар назди буҷет ба 1-уми январи соли 2023-юм 4 575 450 сомонӣ ва ба ҳолати  31-уми майи соли 2023-юм 3 812 496  сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 762 954 сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1 108 082 сомонӣ кам гардидааст,- мегӯяд Давлат Гуреззода.

Истифодаи маблағҳои мақсаднок

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатамон, дар 5 моҳи соли 2023 маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ба маблағи 13317900 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 13314093 сомонӣ ё ин ки 100 фоиз ба буҷет ворид шудааст.

Ба ғайр аз ин, маблағҳои мақсадноки буҷети вилоятӣ бошад, дар 5 моҳи соли 2023 ба маблағи 3356000 сомонӣ ҳамчун мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба нақша гирифта шудааст, ки ин маблағҳо пурра иҷро гардида, ба буҷети ноҳия ворид гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия бошад, дар 5 моҳи соли 2023 ба маблағи 39147289 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он дар ин давра 37412951 сомонӣ ё ин ки 95,5 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 5288307 сомонӣ зиёд мебошад.

Авлавият ба соҳаҳои иҷтимоӣ

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷайҳун таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар аст ва ба онҳо авлавият дода мешавад. Аз маблағҳои умумии хароҷотшуда, ки 37412951 сомониро ташкил медиҳад, 35344873  сомонӣ, ё ин ки 94,5 фоизаш ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия равона карда шудааст.

Аз ҷумла, ба соҳаи маориф дар 5 моҳи соли ҷорӣ маблағи 24301868 сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиш  ба 23935076 сомонӣ ё ба андозаи 98,5 фоиз баробар мебошад.

Барои соҳаи тандурустӣ бошад, дар ин давра 11790952 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиш 10445986 сомонӣ ё ба андозаи 88,6 фоизи нақша иҷро гардидааст.

Ба моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар 5 моҳи соли 2023 маблағи 35350044 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл иҷро гардидаиш 33037425 сомонӣ ё ба андозаи 93,4 фоизро ташкил додааст.

— Барои дастгирии муассисаҳои соҳаи маориф дар соли 2022 ба таври илова аз ҳисоби маблағҳои барзиёди иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва дигар хароҷот ба маблағи 200 180 сомонӣ ва дар се моҳи соли 2023 ба маблағи 25000 сомонӣ ҷудо гардидааст,- мегӯяд сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун Д. Гуреззода.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *