Давлатбӣ Исматова: Шукр ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” қаҳрамонмодар аз деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳоҷибибӣ Исматова Давлатбӣ мебошанд. Модари азиз 83 сол дошта, 14 фарзанд ба дунё овардаанд, ки ин замон дувоздаҳ нафарашон дар қайди ҳаёт буда, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ ва зиндагии осоишта ҳастанд. Холаи Давлатбӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд.

Саволи мо ба модари азиз чунин буд:

— Калиди саодати хонаводагӣ чист?

— Расули Акрам, дуруд бар равони покашон, дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармоянд, ки «Собир (босабр) оқибат ба муроди хеш мерасад» ва «Худо бо шокирон (шукргузорон) аст». Яъне, аз ин гуфтаҳо хулоса кардан лозим аст, ки калиди саодати хонаводагӣ ва хушбахтии инсонӣ сабр ва шукр мебошад. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад, танҳо инсони Худотарсу тарбияи хуб дидагӣ ба ин пасту баландиҳо ва монеҳои дар роҳи умр пайдо мешуда бо чашми ақл менигарад. Ноумед намешавад, пеш меравад, кӯшиш мекунад, ки камбудии кардааш ва сабаби пайдо шудани ҳамин монеаро таҳлил карда, аз пайи ислоҳаш шавад. Агар ноумед шудӣ, гапи хонаро ба кўча баровардӣ, пеши падару модар аз зиндагият шикоят кардӣ, он гаҳ гирди номат ҳарф мезананду ба девори баланди бахти хонаводагият рахна пайдо мешавад. Ба як пешравии кўчак, ба як ҳадяи арзонбаҳо ба як меҳрубониву табассум шукр ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад. Сабру таҳаммул ва шукр аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки дар натиҷаи тарбияи хуб пайдо мешаванд.

Фарзандон, хоҳ писару хоҳ духтарро хуб тарбия кардан лозим, ба онҳо ҳушдор бояд дод, ки дар зиндагӣ ҳар кор шуданаш мумкин, аз ин рў сабр бояд кард. Пештар дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ду-се оилаи бародарон дар як ҳавлӣ солҳо зиндагӣ мекарданд. Авсунҳо ба ҳам мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд. Имрўзҳо шоҳиди он мешавем, ки арўсакони нав шарму ҳаёро як сў монда, талаби хонаи ҷудо мекунанд. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳам аз ҳамин бесабриву ношукрӣ ба миён меояд. Хизмати хусуру хушдоманро карда, дуои онҳоро гирифтан ин як давлати калон аст. Дар зиндагии ҳаррўза мебинем, ки маҳз духтарони он модароне харидори бисёр доранд, ки хизмати хусуру хушдоманро карда, бо сабру таҳаммул мебошанд.

Фарзандони азиз, агар калиди хушбахтӣ меҷўед, пас сабру таҳаммулро пеша намоед, Худо хоҳад, зиндагии шумо бобаракат мешавад. Боқӣ, ба ҳамаи шумо хонаи ободу фарзандони солеҳ ва бахту саодатро орзу дорам.

Сўҳбати ДИЛОШУБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *