Духтар модарандарашро кушт

Вай ӯро духтар хонда буд. Ба умеде, ки рӯзе  дар дармонадагӣ дасташ мегираду дар рӯзҳои бад ҳамсуҳбату такягоҳаш мешавад. Барояш басе ранҷҳо кашид. Аммо… Омад ба сараш аз он чӣ метарсид.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як ҷавонзан бо иттиҳоми одамкушӣ хабар дод.

Дар ноҳияи Сангвор зани 29-сола, дар куштори модарандараш муттаҳам дониста мешавад, хабар дод Вазорати корҳои  дохилии кишвар.

Маъмурини милиса дар пайи таҳқиқи ғарқшавии зани 43-сола, ҳамчун гумонбар дар марги ӯ, духтарандари 29-соларо боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон,  рӯзи 26-уми ноябри соли равон, тахминан соати 15:00, муайян шудааст, ки ҷавонзан модарандари 43-солаашро бо роҳи фиреб ба соҳили дарёи «Хингоб» бурда, ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Магар дар ҳамон лаҳза ягон зарра дар вуҷудаш раҳму шавқатеро эҳсос нанамуд? Магар поси шабҳои бехобию ҳаққи намакша пеши чашмонаш наомад? Ингуна нафрат дар дили ин зан чигуна  лона гузошта? Чи чиз ӯро маҷбур карда, ки чунин ҷинояти азимеро содир намояд?

Тибқи иттилои мақомот, феълан алайҳи муттаҳам бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани нафари дигар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла куштор дар пайи муноқишаи оилавӣ рух медиҳанд ва шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуданд.

Магар сазои модар ҳамин буд? Оё ин рафтори духтар бо чунин ҳол ситонидани ҷон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *