Соли нави хониш бо муаллимҳои нави дониш

Ҳадафи ин созишнома ташкили фиристодани омӯзгорон ба Тоҷикистон аз ҷониби Русия мебошад

30 ноябир намояндагони вазоратҳои маорифи Русия ва Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Дар поёни мулоқот вазири маорифи Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва муовини аввали вазири маорифи Федератсияи Русия Александр Бугаев дар бораи ташкили фаъолияти омӯзгории омӯзгорони рус дар ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расониданд.

Имомзода зикр кард, ки лоиҳаи сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон бузургтарин лоиҳаи хориҷӣ дар Русия аст.

«Мо бесаброна интизори анҷоми сохтмони ин мактабҳо ҳастем, то кӯдакон барои таҳсил ба он ҷо раванд», — гуфт вазир.

Ёдовар мешавем, ки як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад. Дар ҷараёни сафар намояндагони Федератсияи Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ доир хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *