Духтарчаи 12- сола аз марди 40- сола ҳомиладор шуд
Дар Хитой духтарчаи 12- сола аз марди 40 сола ҳомиладор шуда, ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтод ва мавриди назари журналистон қарор гирифт.
Ин марди 40-сола духтаракро ба беморхона оварда ба табибон дурӯғ гуфтааст, ки вай ҳамсараш буда, 20- сола мебошад, вале доплер дурӯғи ӯро фош месозад. Табибон ҳанӯз пурра инкишоф наёфтани узвҳои дарунии ӯро тавассути ин таҷҳизоти замонавӣ муайян намуда, ба хулосае омаданд, ки духтарак на 20- сола, балки ноболиғи 11-12- сола буда, ҳанӯз ба таваллуд кардан омода нест. Аз суолҳои пай дар пайи духтурзанҳо дар бораи синну соли ҳамсараш марди 40- сола асабонӣ шуда, моҷаро бардоштааст, ки ҳамсараш 20- сола аст, вале бо сабаби резапайкар буданаш ба чашм кӯдак барин менамояд, вале табибон ба суханони ӯ бовар накарда, дарҳол ба полис хабар доданд.
Пулиси шаҳри Чин ин марди 40- соларо аз беморхона боздошт намуд. Баъдан маълум гашт, ки ин марди муштзӯр духтарчаро зӯран таҷовуз намуда ҳомиладор кардааст ва сипас бо мақсади исқоти ҳамл ӯро ба беморхона овардааст. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишоти қазия идома дорад.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ