Арӯси шикамкалонҳо шудам, мегӯяд хонандаи мо бо чашмони гирён

Шояд баъди хондани мактубам маро рӯсиёҳ ва шарманда хонда, маломат намоед, вале ба ҷуз гуфтани дарди дилам дигар чора надорам, зеро қалбам аз зардоби ғам пур шудаасту нагӯям, мекафам.  Ҳар чизе мегӯед, қабул дорам, вале хоҳиш мекунам манзури маро дурусттар фаҳмед!

Модарам маро ба писари дугонааш ба шавҳар дод, вале бо Даврон шаш сол зиндагӣ карда бошем ҳам, кӯдакдор нашудем. Духтурон иллатро дар ман дида гуфтанд, ки шавҳарам солим аст, агар зани дигар бигирад, соҳиби фарзанд мешавад, вале Даврон маро талоқ надод. Модарам маслиҳат доданд, ки кӯдакеро ба фарзандӣ қабул карда, ба воя расонем ва ҳатто аз куҷое як тифлаки навзодро ёфта оварданд, вале шавҳарам “сағераи ҳаромии каси дигар ба ман лозим нест!” гӯён, ҷанҷол бардошту маҷбур шудем, ки кӯдакро ба соҳибаш баргардонем. Даврон ҳанӯз умед дошт, ки мо, худамон бачадор мешавем ва маро ба Русия барои табобат бурд. Табибони рус низ иллатро дар ман дида гуфтанд, ки фарзанддор шуданам имкон дорад, аммо табобати тӯлонӣ лозим аст. Мо қариб як сол дар Русия мондем. Ҳар дафъаи ба назди духтур рафтанам маро муоина карда мегуфтанд, ки нишонаҳои шифоёбӣ дар ман аллакай пайдо шудаанд ва албатта соҳиби фарзанд мешавам. Дилам аз ин суханони табибон боғ-боғ мешукуфт, вале як бегоҳ зани кӯдакдоре ба хонаамон даромада омад ва дунёи орзуҳои ширин маро зеру забар кард. Вақте фаҳмидам, ки кӯдаки он зан аз шавҳарам аст, дилам аз оламу одам монд ва қаҳр карда, чиптаи ҳавопаймо харидам. Шавҳарам зориву тавалло намуда гуфт, ки барои худро санҷидан бо ин зан никоҳ кардааст ва ҳамин ки ман бачадор шудам, аз ӯ ҷудо мешавад, аммо ман ба рӯяш туф карда, баромада омадам. Баъди ба Ватан баргаштан модарам барои аз ғаму ғӯса раҳо шудан маро ба Хуҷанд фиристод. Дар истироҳатгоҳи Зумрад бо марде вохӯрда барқасди шавҳарам бо ӯ ишқварзӣ кардам. Он мард раис буда, ду зан доштааст. Вай маро зани сеюм карда гирифт. Мо ҳамагӣ як сол зиндагӣ карда ҷудо шудем. Пас аз ин даст ба дасти мардони булҳавас мегаштам. Ба худам нафрат дорам, ки шавҳари ҷавону зебоямро партофта, худро чунин хору зор кардам ва аз ночорӣ арӯси пирсолуқҳои пулдор шуда мондам, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, аз ин роҳи бад баргашта наметавонам. Кадом як қувваи ноаёне маро мисли гови дар гарданаш банд баста ба сӯйи хиёнату зино мекашонад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ гуна худро аз  ин ботлоқи гуноҳу бадномӣ берун созам?

Хонандаи беном

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *