Духтардуздӣ дар шаҳр: Аз овоза то ҳақиқат

Бо шарофати сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ кишвари мо амну осоишта аст, вале баъзан сару садоҳо дар бораи гум шудани кӯдакони ноболиғ ба гӯш расида, касро ба ташвиш меоранд.

Хабарҳо дар бораи гум шудани ноболиғон хоса дар сомонаи иҷтимоии фейсбук тез-тез пайдо мешаванд. Ташвишовараш он аст, ки аксарияти ноболиғони якбора бе ному нишон гашта духтаронанд. Гум шудани кӯдакон дар байни мардум овозаю ҳангомаҳои зиёдеро ба миён меорад, аз ҳамин сабаб мо аз пайи таҳқиқи ин масъала шудем.

 Сабрина  ба мактаб рафту…

Сабрина Раҷабова, сокини 13-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар роҳ ба мактаб бедарак шудааст. Нусратулло Аминов, яке аз наздикони ин духтарак мегӯяд, Сабрина рӯзи 6-уми сентябр, соати 12:30 дақиқа аз хона баромада, бедарак шудааст: “Гуфт, ки ба мактаб меравам. Ба гуфтаи ҳамсинфи апааш ӯро бори охир, ҳамон рӯз соати 16:00 дар назди мактаб дидаанд”.

Ба гуфтаи Аминов Сабрина Раҷабова хонандаи синфи 6-и мактаби рақами 23-и ноҳияи Шоҳмансур буда, дар кӯчаи Дилшоди Барно, хонаи 67-и ноҳияи Шоҳмансур истиқомат мекардааст. Рӯзи гум шуданаш ӯ дар тан либосҳои мактабӣ, дар сараш рӯймоли сиёҳ, ҷузвдони ҷинсӣ ва пойафзоли “макасин”-и кабуд доштааст. Наздикони Сабрина аз афроде, ки ӯро дидаанд ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш намудаанд, ки ба рақамҳои 907-18- 48- 24 ва ё 905- 35-94-94 занг зада ба онҳо хабар диҳанд.

 Мо кӯшиш кардем бо рақамҳое, ки дар ин хабар оварда шудааст, дар тамос шуда аз тақдири ин духтарча маълумот бигирем, вале чун бо рақами аввал занг задем, пиразане гӯширо бардошта гуфт, ки вай Сабрина ном духтаракро намешиносад. Вақте ба рақами дуюм занг задем, ҷавоне телефонро бардошт ва худро хешбачаи Сабрина муаррифӣ намуда, гуфт  Сабрина ёфт шудааст, вале чӣ гунаву аз куҷо ва дар чӣ ҳолат пайдо шудани духтаракро шарҳ надод.

Хоҳарон аз кӣ метарсанд?

Ҳодисаи дуюм гум гаштани  Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ–апаву хоҳар аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.

Хосият Муҳтоҷова, модари Мадинаи 14-сола ва Анисаи 16-сола мегӯяд духтаронаш баъди соати 12-и рӯзи 12-уми сентябр дар роҳ ба мактаби №36-и Душанбе бедарак шудаанд: “Мадина дар синфи ҳафтум мехонад. Пеш аз рафтан ба дарс вай хоҳиш кард, ки барои китобҳояш пул диҳам, аммо надоштам. Гуфтам, ки камтар тоқат кун, пул шавад, медиҳам. Хоҳарбузургаш Аниса гуфт, ки Мадинаро ба мактаб мебарад ва аз муаллима хоҳиш менамояд, ки иҷозат диҳад, то пули китобро ду-се рӯз пас биёрад. Ҳарду духтарам ба мактаб рафта, бо ҳамин дигар барнагаштанд…”

Хабари гум шудани хоҳарон дар тамоми расонаҳои кишвар паҳн гашт. Волидайни Мадина ва Аниса барои ҷустуҷӯйи фарзандонашон ба милитсия низ муроҷиат намуда буданд. Чор рӯз пас мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе хабар дод, ки Аниса ва Мадина Ашӯралиро соати ёздаҳи рӯзи 16 сентябр аз маҳаллаи 91-уми пойтахт пайдо кардаанд. Ин апаву хоҳар рӯзи 12 сентябр дар роҳ ба сӯи мактаб ғайб зада буданд, вале дар мавриди он, ки духтарон 4 рӯз дар куҷо буданд, онҳоро бо зӯрӣ нигоҳ медоштанд ё фоҷиаи дигаре ба сарашон омада буд, ягон маълумот дарҷ нагаштааст.

Падари Аниса ва Мадина Сафар Ашӯр хабари пайдо шудани духтаронашро тасдиқ карда гуфтааст, ки онҳоро ҷисман солим пайдо кардем, вале аз чӣ бошад, ки дар ин муддат дар куҷо буданашонро ба касе гуфтан намехоҳанд. Ҳоло як ҳафта аст, ки бо дастури мақомоти тафтишотӣ бо онҳо равоншинос кор карда истодааст…

 Ганҷинаи 9-сола куҷо шуд?

Ҳодисаи севум ва аз ҳама ташвишовар нопадид гаштани духтарчаи 9-солаи хуҷандӣ Ганҷина аст, ки дар роҳи бозгашт аз бозор ба хонаашон нопадид гаштааст. Уктам Қаюмов, падари Ганҷина мегӯяд духтараш рӯзи 25-уми август, соати 15:25 дақиқа аз назди Бозори марказии шаҳри Истаравшан бедарак шудааст. Ба гуфти падараш як рӯз қабл аз бедаракшавиаш Ганҷина аз вазъи саломатияш шикоят доштааст: “Шаби 24-уми август гуфт, ки шикамаш дард мекунад. Мо ӯро зуд ба беморхона бурдем. Табибон муоина карда гуфтанд ягон бемории ҷиддӣ надорад, худи Ганҷина ҳам гуфт, ки дард гум шуд. Ман дар бозор фаъолият дорам. Рӯзи дигар ҳамсарам ба ман занг зада гуфт, ки Ганҷина боз худро бад ҳис мекунад. Дубора ӯро ба беморхона бурдем. Пас аз истифодаи дору духтарам гуфт, сиҳат шудам. Дар роҳи бозгашт якчанд чиз харида ба дасти Ганҷина додам ва гуфтам, ки ба хона равад, аммо то ҳол бедарак аст…”

 Имрӯз аз гум шудани Ганҷина аллакай беш аз як моҳ гузаштааст, аз ҳамин хотир мо дубора бо падари ин духтарча дар тамос шудем, то аз рафти корҳои ҷустуҷӯӣ огоҳӣ ёбем. Уктам Қаюмов мегӯяд то ҳол аз духтараш дарак нест.

“Як нафар ба телефони ман занг зада гуфт, ки духтарчаеро бо ҳамин гуна либосҳое, ки Ганҷина он рӯз дар бар дошт, дидааст ва эҳтимол ҳавай бошад. Ман, ки барои пайдо кардани ҷигарбандам ҳар хабари эҳтимолиро истифода мебарам, роҳи Душанберо пеш гирифтам. Айни замон ҳамроҳи бародарону ҷиянҳоям дар назди бозори Саховат Ганҷинаро ҷустуҷӯ дорем.

Дар ҳақиқат барои волидайн, ки фарзандашонро гум кардаанд, бисёр сангин аст. Ин падари ҷигарсӯхта, то ҳол умедашро аз даст надодааст ва мекӯшад бо кадом роҳу воситае, ки набошад, духтарашро пайдо намояд. Ӯ мисли одами ғарқшудае, ки бо умед ба ҳар шоху буттаи даруни об даст дароз мекунад, бо як занги телефонӣ, ки ҳанӯз асос доштан ё надоштанаш маълум нест, аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе омадааст, то ки фарзандашро ёбад. Худо кунад, ки чунин шавад…

Умарҷони Эмомалӣ: Волидон гунаҳкор!

Котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ ба саволи мо дар бораи сабабҳои гум шудани ноболиғон ҷавоб дода, аз ҷумла чунин гуфт:

-Мувофиқи мушоҳидаҳо сабаби асосии бедарак шудани ноболиғон ин тарбияи нодурусти волидайн аст. Дар натиҷаи бепарвоии падару модарон баъзе аз кӯдакони ноболиғ ва ҷавонон аз таълиму тарбия дар канор монда, аксаран ба оворагардӣ машғул мешаванд.

-Мегӯянд, ки ноболиғонро ба хотири гирифтани узвҳои дохилиашон ва фурӯши минбаъдаи ин органҳо барои трансплантатсия медузданд. Ин овоза ва сару садоҳо то куҷо асос доранд?

Ман бо қатъият мегӯям, ки то имрӯз ягон ҳодисаи қасдан рабудани кӯдакон бо мақсади гирифтани узвҳои дохилӣ ва ҳамчун донор барои трансплантатсия истифода бурдани онҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Фарзанд меваи умри инсон аст ва мо, падару модарон барои тақдири кӯдаконамон аввалан дар назди худованд, баъдан дар назди давлат ва билохира дар назди худи кӯдаконамон вазифадорем. Пас бояд қарзи инсонии худро аз сидқи дил иҷро намуда, нисбати фарзандони худ ҳеҷ гоҳ бепарвоӣ зоҳир накунем. Мо аминем, ки агар волидон фарзандони худро бе назорат нагузоранд, ягон кӯдак гум намешавад ва бе ному нишон ғайб зада, боиси ташвиши падару модар, аҳли авлод, ҷомеа ва давлат намегардад!

Шаҳло Ниёзова  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *