Духтари 18-солаи Саудӣ бидуни сатр дар саҳнаи байналмиллалӣ
Овозхони ҷавон аз Арабистони Саудӣ Ваъд Муҳаммад бо либоси замонавӣ ва бидуни сатр ба саҳна баромада, бо иҷрои як тарона бо забони англисӣ парчаму шоҳ ва барномаҳои баландпарвозонаи кишварашро васф кардааст.
«Овозхонии Ваъд Муҳаммад яке аз талошҳои Саудӣ барои нишон додани пешрафти кишвар аст», — хабар медиҳад бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ».
«Ман барои он ба забони англисӣ сароидам, ки ба тамоми ҷаҳон нишон бидиҳам: ватани ман, ҷое, ки ман зиндагӣ карда ва бузург шудам ва то охири умр хоҳам монд, кишвари пешрафта аст ва ба пеш ҳаракат мекунад”, — гуфт ӯ.
Бо либоси ғайримаъмулӣ дар бар ва ороиши комил Ваъд Муҳаммади 18-сола дар видео зоҳир шуд. Чизе, ки саудиҳо то чанд сол пеш интизор надоштанд, ҳоло мебинанд.
Ӯ соли 2012 ба саҳна қадам гузошт ва нақши Ваҷдаро дар филми аввалин зани коргардон аз Арабистони Саудӣ Ҳайфа иҷро кард. Дар ин филм дар саргузашти духтари 10-солаи ниқобпӯш дар Риёз ҳуқуқи маҳдуди занони Саудиро нишон додаанд. Модараш аз пешрафти духтараш хушҳол аст.
Ҳанон Солеҳ мегӯяд, «тасмим гирифтам, ки ба ӯ шанс бидиҳам. Чӣ бадӣ дорад? Албатта саъй кард ва шукри Худо муваффақ шуд дар филми Ваҷда. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаро соҳиб шуд. Дар Шветсия пирӯз омад. Ба унвони беҳтарин ҳунарпеша дар Вашингтон пешбарӣ шуд. Аз Абу Дабӣ ҷоизаи ифтихорӣ гирифт. Мо ӯро то ба расидани орзуҳояш кумак мекунем».
Худи Ваъд Муҳаммад гуфтааст, ки аз фароҳам шудани имконоти нав барои занони Саудӣ хушбахт аст ва ифтихор мекунад.
Дар Арабистони Саудӣ як сол пеш занон ҳатто ҳаққи ронандагӣ надоштанд. Тағйирот дар ин кишвари муҳофизакори арабиро ҳосили талошҳои Шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон мешуморанд, ки мехоҳад, симои Арабистони Саудӣ, бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳонро тағйир дода, ҷомеаи онро боз кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ