Майзадагӣ дар давлати исломӣ сабаби марги даҳҳо нафар шуд

Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, теъдоди онҳое, ки дар натиҷаи истеъмоли машруботи худсохт ва олуда ҳалок шуданд, ба 42 нафар расид.

Эраҷ Ҳарирчӣ, сухангӯи вазорат рӯзи 1-уми октябр гуфт, дар се ҳафтаи гузашта 460 нафар аз панҷ вилоят баъди истеъмоли ликёри олуда дар шифохонаҳо бистарӣ шуданд. Ба гуфтаи Ҳарирчӣ 16 нафари онҳо кӯр шудаанд. Муҳаммад Содиқ Акбарӣ сардори пулиси вилояти Ҳурмузгон гуфт, то кунун 7 нафар бо иттиҳоми тавлиду фурӯши машруботи олуда дастгир шудаанд.Дар Эрон аз соли 1979 истеъмоли машрубот мамнӯъ аст ва барои он аз ҷумла хӯрдани арақ ё ҷарима мекунанд ва ё шаллоқ мезананд. Бо вуҷуди ин бисёре аз эрониҳо аз бозори сиёҳ машруботи хориҷӣ ва ё худсохт мехаранд ва истеъмол мекунанд. Дар гузашта низ даҳҳо нафар баъди истеъмоли шароби олуда ҳалокт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *