Духтари коргардон Комил Ёрматов аз дунё чашм пӯшид

Гулнора Пӯлодова – духтари коргардони маъруф Комил Ёрматов ва ҳунарпешаи шинохта Софя Тӯйбоева ва вазири собиқи тандурустии Тоҷикистон шаби 6 сентябр дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи табиби шӯҳратёри тоҷик дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда мешавад.

Гулнора Пӯлотова 8 марти соли 1836 дар хонаводаи Ҳунарпешаи мардумии СССР, яке аз нахустин коргардонҳои синамои тоҷик Комил Ёрматов ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Софя Тӯйбоева ба дунё омадааст. Комил Ёрматов барои аз таваллудхона овардани Гулнораву модараш ҳатто фойтун киро карда буд, вале издивоҷи ӯву Софя Тӯйбоева дер напоид ва Ёрматов баъди ҷудо шуданаш ба Тошканд кӯчид ва онҷо аз нав издивоҷ кард.

Гулнора бори аввал падари машҳурашро соли 1948, вақте 12 сол дошт, ба чашм дид: Ёрматов он сол барои корҳои марбут ба синамо ба Душанбе омада буд. Бори дигар падару духтар соли 1959 дар Маскав дар як меҳмонхона рӯбарӯ омаданд. Ёрматов, ки бо ҳамсари наваш буд, аз бари Гулнора гузашт ва гӯё ӯро надид. Гулнора аз сари қаҳр баъди бозгашт ба Душанбе номи хонаводагиашро аз Ёрматова ба Пӯлотова – номи хонаводагии падарандараш – иваз кард.

Гулнора Пӯлотова дар охирин мусоҳибааш, ки моҳи марти соли 2016, дар арафаи 80-солагиаш дар «Азия Плюс” нашр шуд, гуфт, он вақт аз сари қаҳр ин корро кард, вале ҳоло мефаҳмад, ки кораш дуруст набуд. Гулнора ва падараш Комил Ёрматов баъди солиёни зиёде дар ҷашни 70-солагии коргардони шинохта дар Тошканд бо ҳам оштӣ карданд. Ёрматов барои он беэътиноие, ки нисбат ба духтараш кард, узр пурсид ва ӯро бо ҳамсару писараш Алишер шинос кард.

Гулнора Пӯлотова мактаби рақами 20-и шаҳри Душанбе ва синфи фортепианои омӯзишгоҳи мусиқиро хатм кард. Модари ҳунармандаш умедвор буд, ки Гулнора акнун барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи Маскав меравад. Вале ӯ гуфт, табиб мешавад ва азмаш қатъист.

Гулнора Пӯлотова сабаби интихоби касби табибиро дар мусоҳиба бо «Азия Плюс” чунин шарҳ дода буд: «Ман гуфтам, ки агар илми тиб намебуд, ба консерватория мерафтам. Метавонед табиб бошеду мусиқиро дӯст доред. Вале наметавонед мутриб бошеду мардумро табобат кунед.”

Ҳамин тавр, Гулнора Пӯлотова соли 1960 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва соли 1966 аспирантураи Пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденко дар шаҳри Маскавро хатм кард ва соҳиби унвони номзади илмҳои тиб шуд.

Баъди бозгашт аз Маскав Гулнора Пӯлотова дар бемористонҳои мухталифи Душанбе кор мекард ва дар Донишгоҳи тиббӣ дарс медод. Соли 1985 ӯро ба мақоми вазири тандурустии Тоҷикистон таъйин кард. Пӯлотова дар ин мақом то соли 1990 кор кард. Ӯ худаш барои сахтгирие, ки ҳангоми кор дар мақоми вазири тандурустии Тоҷикистон дошт, худро «министерва” меномид, вале муҳим меваҳои ин сахтгирӣ буд, ки то имрӯз ба мардум хидмат мерасонанд.

Таваллудхонаи рақами 3 дар Душанбе, бемористонҳои марказӣ дар Файзободу Ёвон, омӯзишгоҳи тиббӣ дар Саргазон, бемористони ветеранҳои ҷанг, диспансери мӯътодони маводи мухаддир – ин ҳама рӯйхати нокимли иншоотест, ки дар давраи вазирии Пӯлотова қомат афрохтанд.

Аммо тоҷи натиҷаҳои фаъолияти вазирии Гулнора Пӯлотова, албатта, Маркази диагностикӣ дар маҳаллаи 46-уми Душанбест. Пӯлотова мегуфт, дар як ҷаласа дар Маскав вазири тандурустии СССР Евгений Чазов як навъ «сабқат” эълон кард, ки ҳар ҷумҳурие аввалин шуда, барои сохтани Маркази Диагностикӣ бино биёбад, барои муҷаҳҳаз гардонданаш, 7 миллион доллар медиҳанд.

Гулнора Пӯлотова билофосила бинои нимасохт ва солҳо боз бекорхобидаи «Гипросельстрой” дар маҳаллаи 46-ро таги чашм кард, вале дар ҳукумати Тоҷикистон ба мухолифат рӯбарӯ шуд. Ӯ маҷбур шуд, ба Чазов занг зада, бигӯяд, ки бино ҳаст, вале ҳукумат намедиҳад Чазов табиби шахсии раҳбарони аввали СССР буд ва роҳбари ягон ҷумҳурӣ ба вай не гуфта наметавонист. Вақте Чазов барои бунёди Маркази диагностикӣ бинои «Гипросельстрой”-ро пурсид, табъан котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ҳам бе ягон чуну чаро биноро дод.

Маркази диагностикӣ соли 1990 ба истифода дода шуд, вале дар маросими ифтитоҳаш худи Гулнора Пӯлотоваро, ки алакай вазир набуд, ҳатто даъват накарданд.

Пӯлотова баъди рафтанаш аз вазирӣ Пажӯҳишгоҳи ғизоро амалан аз сифр сохт ва то соли 1999, ки ба нафақа гуселаш карданд, раҳбарии ҳамин муассисаи илмиро бар ӯҳда дошт.

Ҷанозаи Гулнора Пӯлотова рӯи 6 сентябр дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *