Набераи Нурсултон Назарбоев дигар нашъа намекашад

Набераи президенти Қазоқистон иқрор кард, ки баъди худкушии падараш Роҳат Алиев як муддат мӯътоди маводи мухаддир шуда буд. Ойсултон Назарбоев навишт, ки ӯ аз мӯътодӣ бо кумаки бобояш Нурсултон Назарбоев наҷот ёфт.

Ойсултон Назарбоев, набераи 27-солаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар саҳифааш дар Фейсбук аз таҷрибаи чигуна наҷот ёфтанаш аз мӯътодӣ ба маводи мухаддир қисса кардааст.

Ойсултон Назарбоев менависад, дар ибтидои соли 2015, вақте ибтидо бобои падариаш академик Мухтор Алиев аз олам чашм пӯшид ва якуним моҳ баъди ин падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия худкушӣ кард, «зиндагӣ бори аввал ба ман якбора ду зарбаи чунин миёншикан ҳад. Ойсултони ҷавон, ки ба гуфтаи бисёриҳо, дар баҳри хушбахтӣ ғарқида буд, дар он айём ба як одами зери гаронтарин бор дар сайёра табдил ёфт… Ман ҳамон вақт ба як заъфи мудҳиштарин ва бемаънитарин роҳ додам. Ман хостам худро бо маводи мухаддир таскин бидиҳам.”

Ойсултон Назарбоев дар идомаи матлабаш дар бораи зиёни маводи мухаддир менависад ва мегӯяд, дар асл маводи мухаддир ягон дардро фурӯ наменишонад, касеро таскин намедиҳад, балки ҳар касеро, ки ба он одат кунад, торафт амиқтар ғарқ мекунад.

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки мӯътодии ӯ дар дили наздиконаш тарсу ваҳмро барангехт: «Вале, шукри Худованд, ман як кори муҳимро анҷом додам – ба бобоям иқрор кардам. Шояд ягон президенти дигар дар чунин вазъият ё мушкилро пинҳон медошт ваё худро дур мекашид. Вале на Нурсултон Назарбоев. Бобои хунии ман дар асл падари воқеии ман ҳам ҳаст. Аввалин чизе ки ӯ гуфт, ин буд: «Офарин, ки рост гуфтӣ. Бемории мушкил аст, вале на ту аввалин касӣ ва на охирин, ки ба он мепечад. Нирӯят кифоят мекунад, ки бар он пирӯз шавӣ.” Вақте дар ҷараёни гуфтугӯ ваъда додам, ки ин маризиро шикаст медиҳам, бобоям оромона гуфт: «Ҳар вақте ки Ойсултон чизеро ба ман ваъда бидиҳад, ҳамеша иҷро мекунад.”

Ойсултон Назарбоев муборизааш бо мӯътодиро ба «як ҷиҳоди ботинӣ” шабоҳат дод ва навишт, ки ин набард набарди содаву осоне набуд: «Барои ман ин набарди сангинтарин, набард бо худ буд: таслим шудан, заифии худро нишон додан ва батадриҷ мурдан ё дар як мушт ҷамъ овардани тамоми ирода ва мубориза барои ҳаққи зиндагӣ. Як ҷиҳоди ботинии воқеъӣ. Хушбахтона, хайр ҳамеша бар шарр ғалаба мекунад.”

Ойсултон Назарбоев писари дуюми Дориға Назарбоева – духтари калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Роҳат Алиев буда, соли 1990 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи донишгоҳи низомии Бритониёст ва ҳоло дар мақоми муовини раиси Федератсияи футболи Қазоқистон кор мекунад.

Роҳат Алиев як муддат дар ҳукумати Назарбоев дар мақомҳои баланди вазири андоз ва вазири амният кор карда, аз шахсиятҳои хеле пурнуфуз ба шумор мерафт. Вале дар соли 2007 ба Аврупо паноҳ овард ва ба яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати падарарӯси собиқаш табдил ёфт.

Дар пайи ин дар Қазоқистон ба зидди Роҳат Алиев чандин парвандаи ҷиноятӣ боз карда, дар ғайбаш ӯро ба 40 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомоти Қазоқистон Роҳат Алиевро ҳамчунин тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд. Алиев дар Австрия дастгир шуд ва моҳи феврали соли 2015 дар зиндони Вена худро ба дор овехт.

Дориға Назарбоева баъди фирори шавҳараш як муддат аз сиёсат дур шуд. Ӯ никоҳаш бо Роҳат Алиевро низ баъди интиқодҳои тунди шавҳари собиқаш аз президент Назарбоев бекор кард. Ду сол пеш Назарбоев духтари калониашро дубора ба умури давлатӣ ҷалб карда, муовини сарвазир таъйинаш кард. Ҳоло Дориға Назарбоева вакили парлумони Қазоқистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *