Духтари тоҷик дар Санкт-Петербург гум шудааст (аудио)
Як духтари 18-сола аз Тоҷикистон бо номи Малика Муминова дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гум шудааст.
Тибқи иттилои мавҷуда, Малика зодаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буда, волидонаш аз Мастчоҳанд. Аҳли ин оила дар Петербург кору зиндагӣ мекунанд. Малика Муминова, ки ҳамроҳи модараш дар базаи меваву сабзавот дар шоҳроҳи Волхово кор мекард, шоми 22-юми январ аз ҷои кор баромада, вале ба хона барнагаштааст.
Гуфта мешавад, ки бори охир ӯ соати 16:30 ба падараш занг зада, хабар додааст, ки аллакай дар истгоҳ аст ва ба хона рафта истодааст. Соати 17 падараш дуюмбора ба Малика занг мезанад, вале телефони ӯ аллакай хомӯш будааст.
Агар шумо Маликаро дар ягон ҷо дида бошед ва ё куҷо будани ӯро донед, хоҳиш мекунем, бо ин рақам дар тамос шавед: +7 904 512-94-93
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ