Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боғҳои нав бунёд мекунанд

23-юми январи соли ҷорӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди боғҳои наву интенсивӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Асилбек»-и ҷамоати деҳоти Деҳмой ва «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия ба бунёди боғҳои нав оғоз бахшида шудааст.

— Дар маъракаи ниҳолшинонӣ теъдоди зиёди боғпарварон ва кормандони ташкилоту идораҳо иштирок карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *