Духтарони Файзобод касб меомӯзанд
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси роҳбарияти МД “Литсейи касбии №24”-и ноҳияи Файзобод занону духтарон соҳиби касбу кор мешаванд.
Бо ин мақсад дар МТМУ №27-и деҳаи Фатҳобод ва шаҳраки 30-солагии Истиқлол курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ доир шуд, ки 22 нафар духтарон онро хатм карда, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Роҳбарии курси дӯзандагиро Зарафшон Зоҳирова ва Парвина Салимова ба зимма доштанд.
Мудири бахши ҳунарҳои миллии МД “Литсейи касбии №24” Самандар Зуҳуров гуфт, ки дар ояндаи наздик боз 45 нафар духтарон ба курси омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ