вода

Беобӣ дар Зафаробод. Деҳқонон умедашонро кандаанд ё мақомот

Деҳқонони ноҳияи Зафаробод аз норасоии шадиди об шикоят мекунанд. Аз беобӣ садҳо гектар зироат, аз ҷумла даҳҳо гектар пахтазорон дар ҳудуди ноҳия хушк шуда, деҳқонон умедашонро аз гирифтани ҳосил кандаанд. 

Саидмирзо Шамсиддинов, сокини ноҳияи Зафаробод мегӯяд, ки деҳқонон бо душворӣ ва умеди зиёд заминро шудгор карда, нуриҳо доданд, вале ҳамааш беҳуда шуд, зеро ҳосил аз беобӣ нобуд шуд. “Бисёре аз деҳқонон аз бонкҳо қарз гирифтаанд ва умеди ягонаашон аз ҳосили замин буд, вале аз сабаби беобӣ ҳама умедашонро канда, чӣ кор карданашонро намедоданд”,- мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Деҳқони дигар Файзулло Бахтиёров дар 9 гектар замин ҷав, гандум ва пахта кошт. «Вақте ки ғаллаю пахта сабзид, об набуд, борон дуруст наборид ва замини корам хушк шуд»,- мегӯяд деҳқон.

Деҳқонони ҷамоати Равшан мегӯянд, ки заминҳои онҳо тавассути пойгоҳҳои обкашии «Мирзочӯл 1 ва 2» обёрӣ карда мешаванд, аммо дар соли 2023 онҳо дар вақташ дуруст ба кор андохта нашудаанд.

Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати мелиоратсия ва обёрии вилояти Суғд бошад, мегӯяд, ки пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод дар солҳои 1960-уми даврони шӯравӣ сохта шуда, куҳна шудаанд. “Таъмиру барқарорсозии муҳаррики онҳо вақти зиёдро талаб мекунад ва сабаби дер расидани об ба ҷамоати Равшан ҳамин аст”,- мегӯяд номбурда.  

Ба гуфти ин масъули идораи об, барои навсозии муҳаррик ва ба кор андохтани пойгоҳи обкашӣ маблағҳои зиёд лозим аст, ки аз буҷа ҷудо кардани он феълан ғайриимкон шудааст.

Ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аст. Дар замони шӯравӣ истеҳсоли пахта дар ин ноҳия ба 60 ҳазор тонна расида буд. Дар соли 2022 дар Зафаробод 14 ҳазор гектар пахта кишт карда буданд, ки аз он 30,5 ҳазор тонна ҳосил гирифтанд.  

Д. ҚОДИРПУР

Аз идора: Қаблан ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз беобӣ дар деҳаҳои Рукнобод ва Дашти Қозии шаҳри Панҷакент навишта буд, ки боиси талафоти зироатҳо ва хушк шудани даҳҳо гектар дарахтзор гардидааст. Сабаби мушкили беобӣ дар ин деҳаҳо ҳам корношоям шудани пойгоҳи обкашист. Вале аз МИҲД-и Панҷакент ҳанӯз посух нагирифтаем, ки ин мушкил то куҷо рафъ гардид. То ҷое “Тоҷикистон” огоҳ шуд, пас аз нашри матлаб як гурӯҳ аз пойтахт бо роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ ва вакили парлумон Абдуҳалим Ғаффоров барои рафъи ин мушкил ба Панҷакент рафта буданд. Вале… пойгоҳ ҳамагӣ як рӯз фаъол шуда, баъди рафтани ҳайат боз аз кор мондааст…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *