Дуоҳои комёбӣ дар имтиҳонҳои қабул

Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар сомонаи худ ба довталабони мактабҳои олии ин кишвар барои супоридани имтиҳонҳо бо комёбӣ се дуоро нашр кардааст.
«Ин дуоҳо имонро комил гардонида, ба довталабон ва пайвандони онҳо оромиш хоҳанд бахшид», — омадааст дар иттилоияи Идораи мусулмонони Ӯзбекистон.

Дуои якум бораи бо комёбӣ супоридани имтиҳонҳо аст: «Худованд имтиҳонро осон ва натиҷаашро нек бигардон».

Дуои дувум барои беҳтар шудани маҳорати муоширати довталаб аст: «Худованд қалби маро боз ва анҷоми ин корро бароям осон кун. Забони маро буро бигардон, то онҳо суханҳои маро фаҳманд».

Дар дуои севум баланд шудани сатҳи «дониш ва фаҳмиш»-и довталаб ҳангоми супоридани имтиҳон талаб мешавад.

Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар идома ҳамчунин довталабонро огаҳ кардааст, ки танҳо ба умеди ин дуоҳо нашаванд ва фанҳоро хуб омӯхта, ба имтиҳонҳо омодагии ҷиддӣ бинанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *