Ҳақиқат 13 сол пас рӯи об баромад (Видео)

«Як бор бо каланд задам, худашро як ҷунбонду баъди дуюм бор задан, дигар овоз набаровард. Ҷон дода буд. Баъд кашидам овардамаш, дар ҳаминҷо дангалааш кардам. Саҳар хестам, рафтам ва қуму семент оварда, инҷоро маҳкам кардам.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қазияи ёфт шудани устухонҳои ҷасади Рӯҳия Шариповаро, ки 13 сол пеш кушта шуда буд, нашр кард.

Дар ин гузориши видеоӣ гуфта мешавад, ки сокини маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат Зебо Розиқова ва фарзанди ноболиғаш аз таҳхонаи манзили истиқоматии худ устухонҳои монанд ба ҷасади инсонро пайдо карда, ба мақомоти милиса хабар додаанд.

Писари Зебо Розиқова мегӯяд: «Модарам ба ман гуфт, ки таҳхонаро тоза кунам. Пур аз ахлот буд. Тоза карда рафтам, ки оҳанпораҳо аз пеш баромаданд. Оҳанпораҳоро баровардам ва дар таги оҳанпораҳо ҷасаде буд. Дидам, ки ҷасади одам будааст ва ба милиса занг задам.”

Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки ин устухонпораҳо ҷасади зане бо номи Рӯҳия Шарипова аст, ки 13 сол қабл бедарак шуда буд.

Шарипова Рӯҳия Шайдуллоевна, соли таваллудаш 1976, ки дар ин бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи Наврӯз зиндагӣ мекард, аз соли 2004 ҳамчун шахси беномунишон гумшуда” сабт шуда буд.

Дар натиҷаи ташхиси ҷасад маълум шуд, ки Рӯҳия Шариповаро кушта ва ҷасадашро дар таҳхонаи манзилаш пинҳон кардаанд.

Вазорати дохила мегӯяд, тафтишоти мақомоти милиса шаҳри Ваҳдат нишон дод, ки қатли Рӯҳия Шарипова кори дасти на ягон одами бегона, балки кори дасти шавҳари ӯ Фирӯз Исломбекович Султонбеков, соли таваллудаш 1978 будааст.

Султонбеков, ки қаблан ҳам барои дуздӣ ду маротиба суд шудааст, дар ҷараёни бозпурсӣ баёнот додааст, ки дар соли 2014 ҳангоми як муноқиша ҳамсарашро бо каланд бо мурдан задааст.

Фирӯз Султонбеков сипас «барои рӯйпӯш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро дар таҳхонаи бинои истиқоматиашон пинҳон намуда, даричаи таҳхонаро бо бетон маҳкам кардааст.”

Худи Фирӯз Султонбеков дар ин гузориш мегӯяд: «Як бор бо каланд задам, худашро як ҷунбонду баъди дуюм бор задан, дигар овоз набаровард. Ҷон дода буд. Баъд кашидам овардамаш, дар ҳаминҷо дангалааш кардам. Саҳар хестам, рафтам ва қуму семент оварда, инҷоро маҳкам кардам.”

Фирӯз Султонбеков баъди ин ба ҳамсояҳояшон бардурӯғ гуфтааст, ки ҳамсараш Рӯҳия Шарипова гӯё барои коркунӣ ба Русия рафтааст. Дар соли 2006 Фирӯз Султонбеков бе ягон эҳсоси гуноҳ ин манзилро фурӯхта, ба ҷамоати ба номи Нӯъмон Розиқ кӯчидааст.

Ин қазия аз мавридҳои ангуштшуморест, ки куштор баъди чунин муддати тӯлонӣ, яъне 13 сол ошкор шавад.

Ҳоло ба зидди ин мард, ки дар боздошт қарор дорад, бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ба ӯ бар асоси қисми аввали ин модда барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар тафтишот ин ҷиноятро ҳамчун одамкушӣ бо бераҳмии махсус баҳо бидиҳад, ҷазояш алакай аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳатто ҳабси умрбод аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *