Дуруст бинависем! Истиқлол ё Истиқлолият?
«Истиқлол» (استقلالٌ) (исм, ҷинси мардона) калимаи арабӣ буда, решаи асосии он феъли замони гузаштаи шумораи танҳои ҷинси мардонаи «قَلَّ» (қалла, ташдид дорад) аст.
Забони арабӣ ба гуруҳи забонҳои сомӣ тааллуқ дорад. Забонҳои сомӣ ба гуруҳи забонҳои флективӣ дохил мешаванд. Решаи калимаҳои забонҳои сомиро бештар аз се ҳамсадо ташкил дода, он маънои умумии калимаро ифода месозад. Шаклсозии калимаҳо аз рўи дигаргуншавии сохти дохилӣ (флексияи дохилӣ) ба амал меояд.
Феълҳои арабӣ тибқи сарфу наҳви арабӣ 15 навъ мебошанд, ки 10-тои аввали он серистеъмол аст.
Барои мисол, решаи аслии калимаи «истиқлол» «قَلَّ» (“қалла”) мебошад. Ва ин навъи аввали феъл аст, ки бо вазни فعل (“фаъала”) cохта мешавад. Дар луғатҳои муътабари арабӣ ин навъи аввали феъл, ки дар замони гузашта, шумораи танҳо ва ҷинси мардона меояд, ҳамчун моддаи калима интихоб шудааст. Азбаски феъли «قَلَّ (қалла) ба гунаи феълҳои ноқис дохил мешавад, муштақоти он дар доираи қоидаи феълҳои ноқис ба вуҷуд меояд. Вале ба ин нукта бояд таъкид кард, ки аз як решаи калима на ҳамаи анвоъи феълҳои понздаҳгона сохта мешавад. Барои мисол, аз ҳамин феъли мавриди назари мо боз феълҳои навъи II (бо вазни فعّلَ), яъне قَلَلَّ (қалалла), навъи IV (бо вазни اَفعَلَ), яъне آقلَّ (ақалла) ва феъли навъи X (бо вазни إستَفعَلَ ), яъне إستَقَلَّ (истақалла) cохта мешавад. Калимаи “истиқлол” аз феъли навъи X муштақ шуда, дар вазифаи исм, ҷинси мардона ва шумораи танҳо омадааст. Агар онро барои ҷинси занона истифода намоем, тибқи дастури сарфу наҳви арабӣ ба исми мардонаи إستقلال (истиқлолун) пасванди исмсози занонаи «ة» (тун)-ро изофа месозем ва аз он гунаи «إستقلالة» (истиқлолатун) ҳосил мешавад. Ҳамзамон калимаи дигаре аз феъли мавриди назар ба гунаи “استقلالِیًّ” (истиқлолӣюн (сохта мешавад, ки он ба вазифаи сифат меояд ва гунаи занонаи он “إستقلالیّة” (истиқлолиййатун) аст.
Вожаи “истиқлол”, ки аз ҷумлаи калимаҳои иқтибосии забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, ба маъноҳои зерин меояд: озодӣ, новобастагӣ, мухторӣ, соҳибистиқлолӣ, истиқлол.
Калимаи “истиқлолӣюн” (сифат) маъноҳои зерро дорад: 1) марбут (вобаста) ба истиқлол; 2) муборизи роҳи озодӣ.
Калимаи “истиқлолӣййат” танҳо як маъно дорад: “худмухтор” (автономия).
Дар луғатҳои муътабари форсии тоҷикӣ ба мисли “Ғиёсу-л-луғот”, “Бурҳони қотеъ”, “Луғатномаи Деҳхудо” “Фарҳанги Онандроҷ”, “Фарҳанги Нафисӣ” ва “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ нашудааст.
Чунонки дидем, гунаи “истиқлолӣййат”, ки ба вазифаи сифат омада, маънои “худмухторӣ”-ро ифода месозад ва нохудогоҳ дар забони имрўзаи адабии тоҷикӣ ҷои вожаи “истиқлол”-ро гирифта, ба хатои ом табдил ёфтааст. Корбурди он ба маънои “озодӣ”, “мухторӣ”, “соҳибистиқлолӣ” ва “истиқлол” ғалат мебошад. Дар ин сурат салоҳ будӣ вожаи “мустақил” (гунаи занонаи он “мустақилият”), ки маънои “соҳибихтиёршуда”-ро дорад, исми фоъил ва муштақ аз феъли боло мебошад, мавриди корбаст қарор дода шавад.
Бар ин мабнӣ, корбасти гунаи “истиқлолӣййат” дар забони адабии тоҷикӣ иштибоҳ буда, истифодаи гунаи “истиқлол” дурусту саҳеҳ аст.
Умриддин ЮСУФӢ, доктори илми филология
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ