Алоэ — давои бемории сил

Дар мамлакати мо намудҳои гуногуни алоэ мавҷуданд. Онро дар хонаҳо ҳамчун растании ороишӣ ва шифобахш парвариш мекунанд. Тақрибан 180 намуди ин гиёҳ маълум аст.

Аз барги алоэ дар табобати захмҳои гуногун, пӯсти сӯхта, гастрит ва колит истифода мебаранд.

Дар тиби халқӣ барги алоэ ва афшураи онро ҳангоми табобати бемориҳои гуногун: захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, сили шуш ва ғайра кор мефармоянд.

Дорои моддаест, ки афзоиши бактерияҳоро пешгирӣ мекунад.

Ҳамин аст, ки вақти газидани занбӯри асал барги онро бурида, ба ҷойи дарднок мегузоранд, то ки мадда накунад. Инчунин, заҳри занбӯри асалро нест мекунад.

Барои истифода дар тиб афшура аз баргҳои тозаи ҷамъоваршудаи алоэ гирифта ва бо спирт консерв карда мешавад.

Шарбат хусусияти бактеритсидӣ дорад ва дар табобати сӯхтан, захмҳои сироятӣ ва инчунин баъзе бемориҳои меъда ва рӯдаҳо (колит, гастрит ва ғайра) истифода мешавад.

Эмулсияи алоэ барои ислоҳи бемориҳои пӯст (эпидермиси хушк ва тар) ва инчунин сӯхтани 2-3 дараҷа дар натиҷаи табобати сабук истифода мешавад.

Дар бемориҳои занона низ афшураи барги алоэ барои табобат истифода мешавад. Ин на танҳо растании шифобахш, балки иштиҳокушо низ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *