Дуруст бинависем! Номинатсия ё номина?
Калимаи сохтаи НОМИНА 26-уми июли соли 2019 дар гуруҳи “Дуруст бинависем” пешниҳод шуда ва аз он ба баъд дар баробари НОМИНАТСИЯ то ҳудуде дар истифода ҷорӣ шуд.
Ин пешниҳод баъди он рӯйи кор омад, ки пешниҳодҳои дигар, аз ҷумла БАХШ, ГУРУҲ, НОМГӮЙ ва ғайра қабул наёфт. Аз ҷумла, ба ин хотир, ки мегуфтанд, дар таркиби ҳар номинатсия чанд бахш ё гуруҳ вуҷуд дорад ва НОМИНАТСИЯ маънои ҷомеъ дорад. Пас аз ин ба асоси он ки решаи калимаи ЛОТИНИИ номинато (шарҳи русиаш — наименование) бемуносибат ба калимаи тоҷикии НОМ нест, равише ба кор гирифта шуд, ки ҳам заминаи маънуси зеҳнии ин истилоҳ (яъне решаи устуворшудаи калима дар зеҳни ҷамъӣ) дар назар гирифта шавад ва ҳам дар забони тоҷикӣ чизи маънодоре бошад. Пасванди “-ина” (ин) дар забони тоҷикӣ пасванди мансубият (нисбат) аст ва ин мансубият ба чандин маънӣ дар назар гирифта мешавад: оҳина, зарина, дӯшина, нӯшина, нахустина, камина, овина (обина)…
НОМИНА — яъне чизе, ки ба маҳзи ном (унвони) хоси худ, аз чизҳои дигар ҷудо мешавад. Ба иборати дигар маънои УНВОН-ро дорад. Вақте, масалан, НОМИНАИ АДАБИЁТИ КӮДАК гуфта мешавад, манзур чизест, ки маҳз ҳамин НОМ-ибораи “адабиёти кӯдак” онро аз гуруҳҳои дигар ҷудо мекунад.
Аз лиҳози овоӣ ин калима ба калимаи НАМУНА, ки решааш намо (намуд, навъ, нишоне аз чизе) мебошад, бо тафовут дар таркиби пасванд мушобеҳ аст. Зимнан, қобили ёдоварист, ки дар забони арабӣ аз ҳамин калимаи тоҷикии намуна АНМУЗАҶ чун истилоҳ сохта шудааст, онгуна ки аз АНДОЗА ҳандаса. Зеро як шарти истилоҳсозӣ интизоъ (оҳанҷиш) аст. Яъне ба чизе хос кардани калима ва ба маъноҳои дигар бегона сохтани он то ҳарчи мушаххастар бошад. Дар ҳоле, ки ба ҳамин маъноҳо дар забони арабӣ калимаҳои зиёди дигар вуҷуд дорад. Аммо дар мавриди НОМИНА бояд гуфт, ки дар баробари ҳосил шудани шарти интизоъ (чун ба ин шакл ин калима маънои дигаре ҷуз номинатсия нахоҳад дошт) дар ҳар ҳол реша ва таркиби он комилан тоҷикӣ боқӣ мемонад. Ба ҳамин равиш НОМИНАНТ-ро НОМЗАД ва дар баъзе маврид НОМҶӮЙ метавон номид. Ҳоло дар корҳои илмӣ НОМЗАД ва УНВОНҶӮЙ дорем.
Аз калимаи ном кунун калимаҳои нома, номӣ, номҷӯй, номвар, номовар, номбар, номбахш ва … сохта шудааст ва даҳҳо калимаҳои дигарро имкони сохтан ҳаст. Масалан, дар як китоби шеър бахши ашъори махсус ба номи шахсиятҳои гуногунро муаллиф (НОМЁНАҲО) унвон кардааст. Ахиран аз навиштори ҳамзабонон дар матбуоти мо калимаи “номошно” ҷорӣ шудааст.
Дар умум, доштаҳои забони мо фаровонанд, вале на ҳамеша ҷойгузини муносиби тоҷикие барои калимаҳои тозавориди хориҷӣ пайдо мекунем. Аз ҳамзабононамон ҳам на ҳамеша намуна меёбем. Бояд зарфиятҳои калимасозии забонамон, ки ҳоло аксар хуфтаанд, фаъол карда шаванд. На танҳо барои тоҷикӣ кардани калимаҳои бегона, балки барои ғанӣ кардани таркиби забон бо калимаҳои ноби тоҷикӣ. Агар бидуни чашмпӯшӣ ва сарфи назар кардан ба таркиби забонамон диққат кунем, воқеан саҳми калимаҳои холиси тоҷикӣ-форсӣ хеле кам аст.
Аммо хулосаи баҳси марбут ба НОМИНАТСИЯ ҳамин аст, ки ё калимаи сохтаи тоҷикии НОМИНА ба ин маъно роиҷ мешавад, ё калимаи тоҷикии дигаре хос барои ҳамин мафҳум сохта ё таъин карда мешавад, ё НОМИНАТСИЯ ба ҳамин сурати мавҷудаш дар таркиби забони тоҷикӣ собит мегардад, ки албатта фоҷеае нест, аммо тоҷикӣ будани ин истилоҳ беҳтар аст.
Зеро имрӯз ин калима бо мавридҳои зиёди дигаре, ки на бахш, на унвон, на гуруҳ ва на калимаи роиҷи дигар посухгӯи он шуда наметавонад, ба муҳити забони мо ворид мегардад. Дар ҳоле ки вожаи НОМИНА чун ҳамтои тоҷикии НОМИНАТСИЯ дар ҳамаи ин мавридҳо метавонад ҷойгузини ин калима шавад.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА, Шоири халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ