Суғд: Соли дастовардҳои назаррас

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати рушд додани самтҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат буда, суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст.

Вазъи иҷрои буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3941,7 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз нақша 179,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар 11 моҳи соли 2022 ба буҷети маҳаллии вилоят 2327,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёд иҷрошавӣ 73,8 миллион сомониро ташкил додааст, ки баробари 103,3 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2295,95 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2293,1 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст, ки баробари 99,9 фоизи нақша аст.

Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаи маориф 1066,5 миллион сомонӣ, тандурустӣ — 520,5 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 24,7 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш — 239,3 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ 1851,0 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст, ки 80,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар 11 моҳи соли 2022 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 838,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 859,6 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 11 моҳи соли 2022 ба 13879,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3716,0 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103,1 ва 110,8 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2840,7 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми воридот 1892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948,0 миллион долларро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ ба санаи 1-уми декабри соли 2022 аз аввали бақайдгирӣ 121196 адад, аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродӣ 112341 адад буда, аз рўи патент 17805 нафар, шаҳодатнома 11319, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 16680 нафар фаъолият мебаранд. Шахсони ҳуқуқӣ 8806 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 66537 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Дар қаламрави вилоят фаъолияти 613 ташкилоту муассисаи қарздиҳию хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла, 2 бонки мустақил, 3 ташкилоти амонатию қарздиҳӣ, 7 фонди қарздиҳии хурд, 98 филиали ташкилотҳои қарздиҳӣ ва 503 маркази хизматрасонии бонкӣ ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят дар ҳаҷми 3661,1 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ равона карда шудааст.

default

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 268,2 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 103,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 201,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 66,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра ҳаҷми сармоягузориҳои ватанӣ ба иқтисодиёти вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,3 баробар афзудааст.

Дар вилоят 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, тибқи маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо 40 миллион доллари ИМА маблағ аз худ карда шудааст.

Рушди кишоварзӣ

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 14481,2 миллион сомонӣ расонидаанд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 10669,6 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 3811,6 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,6 фоиз, 116 ва 117,3 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279768,0 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардидааст.

Дар миқёси вилоят 40 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1700 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 11910 тонна мебошанд. Айни ҳол мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 2018,0 тонна маҳсулот, аз ҷумла 980,0 тонна себ, 750,0 тонна ангур ва 288,0 тонна дигар намуди маҳсулот захира шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 505 гармхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 501 гармхона ба роҳ монда шудааст, ки аз он 274 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд. Аз ин миқдор дар 293 гармхона парвариши сабзавот, дар 212 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.

Саноат ва энергетика

Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 848 корхона, аз ҷумла 789 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсолот ва 59 корхона дар самти хизматрасонӣ ба қайди расмӣ гирифта шуда, аз ин шумора 733 корхона ё 86,4 фоиз фаъолият намудаанд. Намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 248 номгӯй расонида шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ, давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 дар вилоят 4196,7 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 1109,0 миллион сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 1024,5 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки 92,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 349,8 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 341,8 миллион сомонӣ ё 97,7 фоиз таъмин гардидааст.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 809,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1540,8 миллион сомонӣ иҷро гардидаанд, ки мутаносибан 120,3 ва 122,2 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 1836,3 миллион сомонӣ аз худ карда шуда, суръати афзоиш 126 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 484,2 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 79,0 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 3084 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 100 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 120 кат дар беморхона ва барои 60 қабул дар як баст дар дармонгоҳҳо иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шудаанд.

Роҳу нақлиёт

Дар 11 моҳи соли 2022 тавассути маҷмўи нақлиёт 29,6 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 214,0 миллион мусофир кашонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 108,5 ва 110,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 26,6 миллион тонна бор ва 213,9 миллион мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 89,5 ва 99,95 фоиз расонида шудааст.

Дар вилояти Суғд 69 муассисаи нақлиётӣ, аз ҷумла 68 муассисаи нақлиёти хусусӣ ва 1 муассисаи давлатӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 25 муассисаи нақлиётии мусофиркашон, 5 муассисаи нақлиётии боркашон, 24 муассисаи нақлиётии боркашону мусофиркашон ва 15 ширкати нақлиётии байналмилалӣ мебошанд. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди вилоят 8184,7 километр буда, аз он 3292,07 километр дар мувозинаи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят, 278,9 километр дар мувозинаи ширкати IRS, 594,1 километр дар мувозинаи хоҷагии манзилию рифоҳӣ қарор дошта, 4019,63 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.

Дар соли 2022 таъмиру тармими 2021,1 киломтер роҳҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 223,0 километр таъмири асосӣ, 956,1 километр таъмири ҷорӣ ва 842,0 километр шағалпўш мебошад.

Вазъи соҳаи маориф

Дар соли таҳсили 2022-2023 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44713 кўдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят ташкил ёфтаанд. Ин марказҳо аз 701 гуруҳ иборат буда, дар онҳо 15162 кўдак таълиму тарбия мегиранд. Фарогирии кўдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ якҷоя бо Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ 21 фоизро ташкил медиҳад.

Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 41 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 832 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 26 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 571729 нафар, аз ҷумла 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳои таълимӣ 2 адад зиёд шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12308 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11098 ҷойи нишаст, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1210 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Шумораи омўзгорони вилоят 37662 нафар, аз ҷумла занон 26329 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1397 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4102 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омўзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омўзгорон расонида шудааст.

Дар соли таҳсили 2022-2023 17191 нафар хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, 275 нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 2574 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи наздик ва 64 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи дур дохил шудаанд, ки ҳамагӣ 20104 нафарро ташкил намуда, 59,4 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

Дар соли хониши 2021-2022 дар олимпиадаҳо 1372 нафар хонандаи вилоят ширкат варзида, сазовори 672 ҷойи ифтихорӣ дониста шудаанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар вилоят 934 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 135 муассисаи сохтори госпиталӣ, 799 муассисаи сохтори КАТС, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонида ва 292 муассисаи ғайригоспиталии хусусӣ бо назардошти намояндагиҳо фаъолият доранд.

Ба аҳолии вилоят 5150 табиб ва 17854 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, 2623 нафар ё 50,5 фоизи табибон ва 6820 нафар ё 38,2 фоизи кормандони миёна дорои дараҷаи тахассусии касбӣ мебошанд. Аз ҷумла, 6 доктори илми тиб ва 74 номзади илми тиб фаъолият доранд.

Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ ба 19 ва бо кормандони миёна ба 65,4 баробар мебошад.

Баъди хатми омўзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ 248 нафар табиб, аз ҷумла, 110 нафар мутахассиси ҷавон бо ҷои корӣ таъмин карда шудаанд.

Вазъи соҳаи фарҳанг

Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 95 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 8 хона-музей, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 2 филармонияи халқӣ, 64 ансамбл, 2 гуруҳи ҳаҷвӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 2 студияи сабти овоз, 3 радио ва 1 телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2829 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 49 варзишгоҳ, 1954 майдончаи варзишӣ, 622 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 158 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Ҳамзамон, дар 11 моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмуъ 55 иншооти варзишӣ, аз ин 13 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 34 майдончаи варзишӣ ва 7 майдонча барои бозии кӯдакон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 16465,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ба маблағи 7992,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 1 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст.

Дар мактабҳои варзишӣ 1276 гуруҳ бо фарогирии 16619 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 255 гуруҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3307 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмуъ 19926 нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 2353 нафар бону ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 5005 варзишгар, аз ҷумла 1110 нафар бону дар 116 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ба гирифтани 1177 медали тилло, 963 медали нуқра ва 1215 медали биринҷӣ мушарраф гардидаанд.

Дар маҷмуъ, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар миқёси вилоят дар давраи ҳисоботӣ 11672 чорабинӣ баргузор шуда, дар чорабиниҳои мазкур иштироки 1217290 нафар ҷавонон таъмин карда шудааст.

Вазъи соҳаи сайёҳӣ

Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ  -Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

Дар ин давра аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 133,8 ҳазор шаҳрванд, аз ҷумла 8 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ дидан намудаанд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *