Ҳукми қатли футболбоз дар Эрон 

Додгоҳи Эрон бозигари собиқи тими миллии ҷавонони Эрон Амир Насри Озодониро бо ҷурми иштирок дар эътирозҳои зидди низоми ҷумҳурии исломӣ ва даст доштан дар қатли сарҳанги Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Исмоил Чароғӣ ва ду узви созмони ниманизомии тарафдорони Ҷумҳурии исломӣ “Басиҷ” ба қатл маҳкум кард.

Амир Насри Озодонӣ 7-уми феврали соли 1996 дар Исфаҳон ба дунё омада, соли 2014, дар синни 18 бо тими “Роҳи Оҳан” қарордод баст ва дар лигаи олии футболи Эрон ҳунарнамоӣ карда, хеле зуд ба тими миллии ҷавонони Эрон роҳ ёфт.  

Эътирозҳо дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 дар пайи марги Маҳсо Аминӣ, як духтари 22-солаи курд оғоз ёфт ва инак камокам се моҳ боз идома дорад. Маҳсо Аминӣ дар Теҳрон аз сӯи пулиси ахлоқ барои дуруст риоя накардани муқаррароти марбут ба тарзи пӯшидани ҳиҷоб дастгир шуда, дар боздошт ҷон дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *