Душанбе: Ҷасади як ҷавони 30-сола аз канал берун оварда шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, нимишабӣ, соати 02:46 дақиқаи рӯзи 2-юми феврали соли равон навбатдори КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар канали «Деревиатсионӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади шахсияташ номаълум, ҷавони тахмин 25-30-сола намудор шудааст. Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 03:20 дақиқа ҷасадро аз канал берун оварда, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки низ даъват шуда будаанд, супоридаанд.
Баъдан маълум гардидааст, ки ғарқшуда як сокини 30-солаи деҳаи Оқули ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб будааст. Сабаби дар об ғарқ шудани ӯ маълум нест.
Гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин маврид тафтишот оғоз кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ