Чаро омӯзгорон тарки соҳа мекунанд? Посухи вазири маориф

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон тарки соҳа намудани як қисми омӯзгоронро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин як падидаи маъмулист ва набояд аз он фоҷиа сохт.

«Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул шудан ин динамика ҳамасола ҳаст. Сабабу омилҳои аз кор рафтан гуногун:  фавт, нафақа, муҳоҷират,  иваз кардани ҷойи зист аст»,-таъкид дошт Имомзода имрӯз, 3-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Аммо дар нишаст гуфта нашуд, ки соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ қадар омӯзгорон тарки соҳа кардаанд. Танҳо иттилоъ ироа гардид, ки аз миёни 140 ҳазор омӯзгор соли гузашта 593 нафар бемор шуда ё фавтидаанд, 2228 нафар ҷойи зистро иваз кардаанд ва 1031 нафар ба нафақа баромадаанд.

Ба гуфтаи Маҳмадюсуф Имомзода, ба ҷойи инҳо ҳар сол зиёда аз 16 ҳазор нафар риштаҳои омӯзгории донишгоҳ ва донишкадаҳоро хатм мекунанд ва онҳо ҷойи омӯзгорони рафтаро пур мекунанд. Вазири маориф афзуд, феълан мактабҳои Тоҷикистон ба 1124 омӯзгор эҳтиёҷ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *