Файзобод: Ваксина мегирем, то аз бемориҳои сироятӣ эмин бошем

Имрӯзҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории ҳамагири коронавирус идома доранд.

Бино ба иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод, дар ин ноҳия низ дирӯз чунин як чорабинии фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

— Тибқи нақшаи чорабиниҳои филиали ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо бахши муҳоҷират бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз тарафи волонтëрон аксияи таблиғотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миëни сокинони ноҳия оид ба эмгузаронӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии хавфноки COVID-19 доир карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *