Душанбе: ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Рӯзҳои 31 май — 1 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад.
То ин лаҳзаҳо ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии сарвазир Абдулло Орифов тасдиқ кард, ки дар ҷаласаи пешорӯ ширкат хоҳад кард.
Дар ҷаласаи Душанбе масоили муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ, ояндаи тиҷорати озоду хизматрасониҳо ва дигар масоил баррасӣ хоҳад шуд.
Дар поёни ҷаласа интизор меравад, чанд ҳуҷҷат қабул шавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур ба тақвият ва густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи ИДМ равона шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ