Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ тарки “Чархи гардун” кард

Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Чархи гардун” Маҳмадалии Мақсадуллоҳ дар саҳифаи фейсбукиаш аз тарки ин нашрия кардани худ хабар дод.

Маҳмадалӣ, яке аз рӯзноманигорони шинохтаи кишвар, ки баъд аз марги Акбари Саттор таи чанд сол ба ин нашрия муҳаррирӣ намуд,  солҳои охир амалан қариб,ки  танҳо кор мекард ва дар навиштаҳои “Чархи гардун” такя ба хонандаи худ менамуд. Аммо бо вуҷуди ин, ки  ҳайати эҷодии нопурра дошт, нашрия хонанадагони зиёдеро соҳиб буд ва то андозае маҳбубияти солҳои аввали нашрашро нигоҳ медошт.  Маҳмадалӣ журналисти касбӣ буда, фаъолияти худро дар газетаи “Оила” оғоз намудааст ва  баъдан як муддат дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба ҳайси корманд ва муҳаррир фаъолият кардааст. Маҳз дар “Тоҷикистон” навиштаҳои  нишонрас ва  барои ҷомеа муҳимми  Маҳмадалии Мақсадуллоҳ  ба дасти чоп расидаанд, ки на ҳар журналист то имрӯз ҷуръати ба он мавзӯъҳо даст заданро мекунад. Ӯ сабаби аз “Чархи гардун” рафтани худро “зӯр омаду тоб наовардам” гуфтааст, аммо нафароне, ки бо  вай якҷоя фаъолият доштанд, мегӯянд,ки ҳаргиз ин тавр нест ва ин журналист на аз ҷумлаи он нафаронест,  ки мушкилӣ садди  роҳашон гардад. Маҳмадалии Мақсадуллоҳ ҳоло дар айни авҷи камолоти эҷодӣ қарор дорад ва боварӣ дорем,ки минбаъд исми ин журналистро дар нашрияҳои  дигари пайдо бонуфуз хоҳем  кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *