Душанбе: Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид
Имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус бо иштироки доираҳои соҳибкории Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре аз ҷараёни кори анҷуман хабар медиҳанд, дар он зиёда аз 400 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар оғози кори анҷуман Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода анҷуманро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиён ва меҳмононро ба ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт. Фаррух Ҳамрализода мақсад аз баргузор намудани ин анҷуманро ба роҳ мондани ҳамкории судманди иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати содироти минбаъдаи маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудаанд, арзёбӣ намуд.
Дар кори анҷуман ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои дахлдори ҳарду ҷониб, аз ҷумла, Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи байниҳукуматӣ Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, раиси Комиссияи байниҳукуматӣ Зайтс Леонид Константинович, Раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Улахович Владимир Евгеневич ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханронӣ ва ибрози андеша намуданд.
Зимни ибрози ақидаи хеш ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро муаррифӣ намуда, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии давлатҳоро матраҳ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ