Автобуси нахустин дар хати Тошканд-Хуҷанд-Тошканд

Субҳи 15 май, соати 08:30 ба вақти маҳаллӣ аз автовокзали шаҳри Тошканд нахустин автобуси мусофирбар дар хатти Тошканд – Хуҷанд – Тошканд ба роҳ баромад.
Бо ҳамин баъди 26 соли танаффус ҳаракати автобусҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дубора эҳё шуд. Нархи роҳкиро ҳамагӣ 6 доллар муқаррар шудааст. Як сол пеш парвози ҳавопаймоҳо байни ин ду кишвари ҳамсоя низ баъди чоряк аср аз сар гирифта шуд. Субҳи 15 май нахустин автобуси мусофирбар аз автовокзали шаҳри Тошканд роҳии Хуҷанд шуд. Ин нахустин қадам дар роҳи эҳёи ҳаракати автобусҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон баъди 25 соли танаффус мебошад.
Ҳаракати доимии автобусҳо аз автовокзали Тошканд ба маркази маъмурии вилояти Суғд дар Тоҷикистон аз 17 май оғоз ёфта, дар тамоми тӯли сол сурат хоҳад гирифт. Ин сафарҳо ҳафтае се маротиба ва дар асоси усули паритет, яъне баробарӣ аз ҷониби ширкатҳои нақлиётии таъйинкардаи ҳарду тараф анҷом хоҳанд шуд. Ҷониби Ӯзбекистон ин масъулиятро ба ӯҳдаи ширкати «Manzara Tourism” ва ҷониби Тоҷикистон ба дӯши ширкати «Asian Express” — ширкати нақлиётии ҳолдинги «Asia Group”, ки дар гузашта ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ марбут буд, гузоштаанд.
Муассисаи давлатии «Узавтотранс” хабар дод, ки ширкати Тоҷикистон мусофиркаширо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо автобусҳои олмонии тамғаи МАN ва ширкати ӯзбекистонӣ бо автобусҳои олмонии МАN ва чиноии Higer анҷом хоҳанд дод.
Тӯли масири Тошканд – Хуҷанд 174 километрро ташкил дода, муддати сафар 4 соату 35 дақиқаро дар бар мегирад. Тақрибан як соат аз вақти сафарро гузаштан аз марз дар гузаргоҳҳои марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон – ним соат дар «Ойбек”-и Ӯзбекистон ва ним соат дар «Фотеҳобод”-и Тоҷикистон хоҳад гирифт.
Ва ин ҳам дар ҳоле ки, бино ба иттилои «Узавтотранс” барои убури марз ба автобусҳо имтиёз дода мешавад ва онҳо гузаргоҳҳои марзиро алоҳида аз дигарон ба таври босуръат ва бенавбат убур хоҳанд кард.
Автобуси Тошканд – Хуҷанд дар роҳ дар Нурафшон, Бука ва Бӯстон низ барои фаровардан ва савор кардани мусофирон муддате меистад.
Нархи сафар аз Тошканд ба Хуҷанд 50 ҳазор сӯм (6 доллар) ва аз Хуҷанд ба Тошканд 50 сомонӣ, ки низ тақрибан 6 долларро ташкил медиҳад, муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *