Душанбе: Баргузории ҳамоиш оид ба масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он
23 январи соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар додаанд.
Ҳамоиши мазкур дар толори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Шӯрои уламо, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон маърӯза мекунанд.
Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши «Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ин пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ