Душанбе: Баргузории ҷашни Сада дар Боғи Фирдавсӣ

27 январи соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад.

Тавре котиби матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов  иттилоъ додааст,  дар тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техникаҳои кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешавад.

Ҳамчунин дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Сада ҷашни қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки он аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Шоири асри  XI Фаррухӣ дар мавриди Сада чунин гуфтааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода менамояд.  Ин идро олимон ба ориёнажодон мансуб медиҳанд, зеро аҷдодони мо дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне, онҳо ба ин восита ва пас аз сардиҳои дароз боз рӯ овардан ба гармӣ, рақсу бозӣ ва хурсандиву хушҳолиро талқин менамуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *