Баҳси марзӣ барои ҷойи бел

Сокинони навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон барои як кулбаи асбобҳои гӯрканӣ дар қабристони наздимарзӣ баҳс кардаанд.

Таниш барои кулбаи бунёдкардаи қирғизҳо дар гӯристони марзӣ, ки мояи норозигии тоҷикон шудааст, рух додааст.

Ба иттилои нашрияи Turmush, ҳудуди 50 тоҷикистонӣ ва 100 қирғиз дар гӯристони наздимарзӣ, сари кулба барои белҳо баҳс кардаанд. Тоҷикон таъкид кардаанд, ки гӯристон дар минтақаи баҳснок аст ва бунёди иншоот дар минтақаи марзии муайяннашуда мамнуъ мебошад.

Дар натиҷа ба ин қазия раиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон, Кенешбек Солиҳов дахолат карда, ин танишро шармсоркунанда хондааст, чун ба гуфтаи ӯ гӯристон аслан набояд мояи муноқиша бошад.

Феълан барои ҳалли баҳси мазкур гуруҳи корӣ бо иштироки ду ҷониб ташкил шуда, то ҳалли қазия боздид аз минтақаи баҳсӣ мамнуъ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон садҳо километр марзи муайяннашуда доранд, ки боиси сар задани баҳсҳо миёни сокинони навоҳии наздимарзӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *