Душанбе: Баргузории фестивали чакан
Аз 11 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайҳӣ хабар додаанд.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи фестивал суҳбату вохӯриҳо бо иштироки ҳунармандони кишвар доир мегардад.
Рӯзҳои 13-14 октябр аз соати 10:00 то 18:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиш- фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда мешаванд.
Дар Фестивал зиёда аз 100 нафар ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва як зумра кишварҳои хориҷӣ ширкат менамоянд.
Дар ин рӯзҳо шаҳрвандону меҳмонон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти ҳунармандони дохилию хориҷиро доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ