Рӯзи Фалак муборак

10 октябр ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар як зумра барномаҳо бо ширкати фалаксароён аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. 

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. 16 ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло он дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият дорад. Аз соли 2007 инҷониб 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *