Сардӣ ва бориш идома дорад…

Дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Осиёи Марказӣ   ворид шуд, вазъи ҳаво дар ҷумҳурии мо чанд рӯзи охир ноустувор гардидааст. Дар натиҷаи паст шудани ҳарорати ҳаво  дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Файзобод    борон ба барфи тар мубаддал гардид.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»   сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.

 Бино ба иттилои Ҷамила Байдуллоева,   инчунин  гузариши борон ба барф дар қисматҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд.  Бояд зикр  намуд, ки бори аввал  моҳи сентябр  дар баландкӯҳҳои ВМКБ  гузариши борон ба барф мушоҳида шуда буд.

 «Дохил гардидани ҳавои сард аз тарафи Урал   сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ шуд ва дар водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳиҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ  паст фаромад.   Инчунин дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард дар як қатор минтақаҳои кӯҳӣ  борон ба барф мубаддал гардид. Чунин вазъи ҳаво барои моҳи октябр   ғайримуқаррарӣ нест, зеро солҳои қаблӣ низ чунин вазъи ҳаво ба қайд гирифта шуда буд», -мегӯяд Ҷ. Байдуллоева.

Инчунин мавсуф баён дошт, ки   рӯзҳои   11-12 октябр  дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ карда  мешавад ва эҳтимолияти каму беш баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар  аст. Аммо 13 октябр  боз дар натиҷаи ҳаракат кардани ҳавои сард дар ҷумҳурӣ  боридани бориш дар назар буда, эҳтимол  дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ    борон ба барф мубаддал гардад.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати  омодагӣ  ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар  пойтахт   қарори  дахлори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   ба тасвиб расида,  дар робита ба он   нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

Тавре  сардори Раёсати   иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Абдумаҷид Ҳакимзода     иброз дошт, дар доираи иҷрои қарори  дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии пойтахтро, аз ҷумла, дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Кофарниҳон», «Худҷореъ» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»  мегузаронад.

Инчунин зикр намуд, ки корҳои таъмирӣ-профилактикӣ  дар истгоҳҳои обтаъминкунии мазкур  аз  аввали моҳи октябр оғоз гардида, то 1 ноябр ба анҷом мерасанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 аз тарафи сохторҳои гуногун тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар заминаи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  баҳри омода намудани муассисаҳои таълимии тобеи вазорат барои гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистон    Ситоди  фаврӣ  аз ҳисоби  сардорони  раёсат ва дигар  масъулони  соҳа ташкил шудааст.

Инчунин дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати аз семоҳаи чорум ба семоҳаи  дуюм ва сеюм гузаронидани  маблағҳои  пешбинигардида барои иҷрои  корҳои  таъмирӣ, хариди сӯзишворию равғанҳои  молиданӣ, аз ҷумла, ангишту ҳезум ирсол карда шуда буд.

Ҳамин тавр, аз ҷониби  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорони раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои  маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мақоми ҷумҳуриявидошта дастур дода шуд, ки бо мақсади сарфа намудани қувваи барқ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати насб намудани ҳисобкунакҳо  ва лампаҳои  каммасраф дар тамоми муассисаҳои  соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, то ҳол аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   барои гузаронидани фасли сармо  пурра  омода нашудаанд. Ва дар ин раванд масъулони шаҳру  навоҳии кишвар ва сардорони  раёсату  мудирони  шуъбаҳои  маорифро вазифадор намуданд,   ки ҳар чи зудтар мушкилоти мавҷударо дар масъалаи  захира намудани ангишту ҳезум ба таври мусбат  ҳал намоянд.

Инчунин сард ва номусоид омадани ҳавои имсола баҳри  ҷамъоварии ҳосили хуб монеа ба миён меорад ва дастранҷи марди деҳқон дар саҳро ҷамъоварӣ нокарда мемонад.

Тавре дар суҳбат бо мо мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ  Тура Яҳёев зикр намуд,  давоми чанд рӯзи сардиҳо кишоварзон кӯшиш карда истодаанд, ки  ҳосили худро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ,  ҳангоми ба тезӣ ҷамъ накардани пахта сифати ин маҳсулот паст мегардад ва дар натиҷа он бо нархи арзон фурӯхта мешавад.

Инчунин зикр гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 70 фоизи пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.   Ва то боридани барф кишоварзон бояд 30 фоизи дигари ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд.

Бинобар якбора номусоид шудани вазъи ҳаво  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонон муроҷиат карда, хоҳиш менамояд,  ки вобаста ба боду ҳаво либос пӯшанд, пеш аз истифода бурдани бухориҳо онҳоро санҷанд ва таҷҳизоти гармидиҳии худсохт истифода набаранд, инчунин ноқилҳои барқии худро пеш аз васл намудан аз назар гузаронанд

Ҳамчунин ба масъулони соҳаи кишоварзӣ тавсия дода мешавад, ки ҳарчӣ зудтар ҳосили худро аз заминҳо ҷамъоварӣ намоянд. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар намудан эҳтиёт ва ҳушёр бошанд зеро бориши борон зиёд буда, лағжиши нақлиёт ба амал меояд. Ронандагон бояд суръати ҳаракати муайянгаштаро риоя намуда,  қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон накунанд.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами навбатдории Кумита: 223 – 13 — 11, 93 880 28 19  ё 112 дар тамос бошанд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, барои муайян намудани вазъи ҳавои зимистони имсола мутахассисони обуҳавошиноси тоҷик баъди чанд рӯз ба шаҳри Москва сафар намуда, ҳамроҳ бо ҳамкасбони русашон вазъи ҳаворо муайян менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, маълумоти пурра дар бораи вазъи ҳавои зимистони имсола баъди 10 ноябр манзур мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *