Душанбе чӣ қадар аҳолии доимӣ дорад?
Тибқи маълумотҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе 4098 нафар таваллуд шуда, 678 нафар фавтидаанд.
Бино бар иттилои расмӣ, ки дар сомонаи шаҳрдории Душанбе нашр шудааст, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 шумораи аҳолии доимии шаҳри Душанбе аз рӯи маълумотҳои пешакӣ ба 866 ҳазор 994 нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз зиёд гардидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки тибқи маълумотҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе 4098 нафар таваллуд шуда, 678 нафар фавтидаанд.
Гуфта шудааст, ки афзоиши табии аҳолӣ 3420 нафарро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар хоҳад расид.
Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ ба мақомоти Душанбе ҳушдор дода буд, ки мақомот бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд
Тибқи иттилои манбаъ, аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи дар вилояти Хатлон 3 миллиону 300 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 2 миллиону 600 ҳазор нафар, дар навоҳии марказӣ 2 миллиону 100 ҳазор нафар, дар вилояти кӯҳистони Бадахшон 228 ҳазору 500 нафар ва дар шаҳри Душанбе 855 ҳазор нафар сукунат доранд.
Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.
«Спутник»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ