Роҳи Душанбе –Хуҷанд барои боркашҳо баста аст

Аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.

Маркази матбуотии ширкати IRS эълон кард, ки бо сабаби бад шудани ҳаво дар роҳи Душанбе- Хуҷанд бархе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла ҳаракат барои мошинҳои боркашон маҳдуд карда шуд.
Аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.
«Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва «Фура»-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад», — таъкид мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *