Душанбе – хонаи умедамонро обод нигоҳ медорем!

Шанбеи гузашта дар доираи шанбегии умумишаҳрӣ таҳти номи «150 рӯзи хуррамгардонии Душанбешаҳр», ки ибтидоии соли равон бо қарори дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расида буд, ҳазорон сокини  пойтахт  барои ободу озода нигаҳдории Боғи устод Рӯдакӣ  камари ҳиммат бастанд.

Аввал таваҷҷуҳи бинандаро рафти корҳои ободонӣ дар муҷтамеъи фарҳангию таърихии Исмоили Сомонӣ ҷалб кард. Даҳҳо кормандони муассисаҳои хоҷагии коммуналии шаҳр бо истифода аз мошини обпошӣ пайкараҳои шерҳоро мешустанд, дигарон девораҳои мармарини муҷтамеъро тоза мекарданд (дар аксҳо).

Боғи устод Рӯдакӣ, ки гулгашт ва фароғатгоҳи  асосии сокинону меҳмонони пойтахти кишварамон ба шумор меравад, ҳашаргоҳи мардумиро мемонд. Обу ҳавои соф ва пур аз накҳати гулу гиёҳ рӯхи меҳнатии кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Атобой Собиров, Дилбар Холова, Абдукарим  Қодиров, Хушвақт Ғуломназаров, Дилбар Ҳусейнова, Нигина Ҷӯраева, Мубошира Бобоева, Ҳомидҷон Нуралев (таҳти роҳбарии Хушбахт Шарифзода Салим), рӯзноманигорон Ҷамоли Абдулҳай, Абдуғаффори Нуриддин, Марҳабо Зунунова, Назокати Сафар,  ва дигаронро  болида гардонд, ки онҳо қитъаҳои  барои муассисаҳояшон аз гулгашту  чаманзор, гулу буттаҳои ҷудонамударо то нисфирӯзӣ аз хасу хошок ва лой тоза намуданд.

Кормандони даҳҳо муассисаю ташкилоти пойтахт низ дар шанбегӣ софдилона саҳм гузошта, симои пойтахтро бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатдории Тоҷикистон зеботар гардонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *