Душанбе: Имдодгарони КҲФ ду дари бастаи сокинонро боз карданд
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боз кардани ду дари баста бо хоҳишу даъвати соҳибонашон дар пойтахти кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои КҲФ, рӯзи 5-уми июн соати соати 14:50 дақиқа як сокини кӯчаи Майяковский, бинои 79/2 ба қисми навбатдорӣ занг зада, аз баста шудани дари манзилаш хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ҳама талошҳоро кард, вале натавонист мустақилона дари хонаашро боз кунад.
Имдодгарони Раёсат ба ҷойи ҳодиса рафта ва соати 15:30 дақиқа дари ӯро боз кардаанд.
Инчунин, соати 16:38 дақиқа ҳамин гуна занги телефон аз як сокини кӯчаи Синои ноҳияи Синои пойтахт расидааст ва дари манзили ӯ низ бо кумаки наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ