Носа буте! Шумораи занҳо ва мардони носкаш меафзояд

Теъдоди занони носкаш ҳафт ва мардон се баробар афзоиш ёфтааст. Ин ҳолат боиси изтироб ва нигаронӣ гаштааст.

Пештар ҳам занону мардон нос мекашиданд. Вале шумораи онҳо кам буд. Ҳоло сабаби зиёд шудани шумораи онҳоро дар Қирғизистон сардори шуъбаи мубориза бо тамокуи Маркази ҷумҳуриявии тандурустии Вазорати тандурустии ин кишвар Чинара Бекбасарова дар қиммат шудани нархи сигор медонанд. Лекин коршиносон бар он назар ҳастанд, ки нос дар Қирғизистон маъмулист ва одати қадимаи ин мардум аст ва паҳн гаштани онро дар Осиёи Миёна ба қирғизҳо иртибот медиҳанд. Чинара Бекбасарова  пешниҳод кардаанд, ки назорат барои фурӯши ин маҳсулот пурзӯр карда шавад.

Мувофиқи тадқиқоти дар ин кишвар суратгирифта теъдоди занони носкаш  7 баробар афзоиш ёфтааст, ҳарчанд дар соли 2005 онҳо на бештар аз 0,5 дарсад буданд ва теъдоди мардон се баробар афзоиш ёфтааст”, — гуфт Бекбасарова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *