Толеъномаи 7-уми июни соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Давраи санҷишу имтиҳон хотима меёбад, барор боз ҳамсафари шумо мегардад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва рафъи дудилагӣ. Бо шахси бароятон наздик дарди дил намуда, сабукиро эҳсос мекунед. Ба нафароне, ки мошин меронанд, дар роҳ бодиққат буданро маслиҳат медиҳем.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи душвор аст. Кори зиёд ба дӯшатон бор мегардад, вале худро хеле хуб ҳис мекунед. Муносибати яке аз ҳамкорон бо шумо бад мегардад. Ҳамкоратон мақсади шуморо нодуруст қабул намуда, меранҷад. Хоби дидаатон амалӣ мегардад. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз руҳатон болида ва нерӯятон дучанд мегардад. Худатон нафаҳмида, яке аз дӯстонатонро сахт меранҷонед. Дар ҳаёти шахсиятон воқеаҳои аҷиб рух медиҳанд, вале корҳои муҳим ё хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро муваққатан фаромӯш созед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҳаёти шахсиятон тағйироти мусбат рух медиҳанд. Албатта барои беҳтар шудани муносибатҳоятон нақши шумо созанда аст. Ба нафароне, ки ба кумаки шумо ниёз доранд, ҷавоби рад надиҳед. Кори хайр бе натиҷа намемонад, натиҷаи саховатмандиятонро мебинед. Тамоми нобарориҳоро оромона қабул кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Айни замон ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Корҳои ҳаррӯзаи  худро бе мушкилӣ рафъ месозед. Аз ҷониби наздикон дастгирӣ кафолат дода мешавад. Тамоми нерӯи худро барои анҷом додани корҳои хуб равона созед. Амали неки имрӯз кардаатон дар оянда ба шумо некӣ меорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Камбудии ягона дар он аст, ки сахт хаста гашта, бемадорӣ ҳис мекунед. Аз чунин ҳолати худ ба ташвиш наафтед. Бештар истироҳат кунед ва бо корҳои вазнини ҷисмонӣ худро хаста нагардонед. Вохӯрии хотирмон ва муносибатҳои ошиқона дергоҳ дар хотиратон нақш мебанданд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо вуҷуди он ки наздикон аз шумо талаби зиёд мекунанд, асабӣ нашавед. Дар сари қаҳр ба ягон қарори дуруст омада наметавонед. Баъзеҳо гирифтори руҳафтодагӣ мегарданд. Худро ба даст гирифта, руҳатонро болида гиред, вагарна ба саломатиятон зарари манфӣ мерасад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз дар муҳити орому танҳоӣ нақшаву ниятҳои худро ба тартиб дароред. Нисбати калонсолони оилаатон дилсардиву шубҳаву гумони бадро ба дил роҳ надиҳед. Андешаи он ки ба ҳаёти шахсии шумо дахолат карда, озодиятонро маҳдуд кардан мехоҳанд, ғалат аст. Баъди нисфирӯзӣ нофаҳмиҳои рухдода рафъ мегарданд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба дӯстону шиносҳои худ хубтар зеҳн монед. Ҳодисаи ногуворе рух медиҳад, ки оқибати ногувор ба бор меорад. Аз сабру таҳаммул ва дурандешии шумо муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, вобастагӣ дорад. Ба роҳи фитнаву иғво қадам нагузоред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи мусоид аст. Нерӯятон дучанд гашта, танҳо ба шарте муваффақ мегардед, ки имкониятҳои худро дуруст қадрдонӣ карда тавонед. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст зада, обрӯятонро мерезонеду хандахариши атрофиён мегардед. Аз баҳсу мунозира ва муноқиша бо нафароне, ки дӯст медоред, худдорӣ намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз вазъи молиявии худро беҳтар мегардонед. Хариди ҷавоҳирот, чизҳои қимматбаҳо ва ҷиҳози хона бобарор анҷом меёбад. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед. Оббозӣ кардан ба тану ҷонатон нерӯ мебахшад. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи чандон бобарор нест.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи бобарорест барои амалӣ сохтани нақшаву ниятҳо, сафару саёҳатҳо, кӯчидан ба манзили нав. Орзуҳои деринатон ҷомаи амал мепӯшанд. Дӯстону ҳамфикрон кумаки бебаҳо мерасонанд. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Вохӯриҳои нави ошиқона бобарор анҷом меёбанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.