“Душанбе-инвест 2023”. Форуми байналмилалӣ дар пойтахт

Рӯзҳои 29-30-юми сентябр ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023” дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумитаҳо ва сохторҳои дигари кишвар ширкат хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ҳамоиш дар Кохи Истиқлол баргузор гардида, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад.

Зимни ҳамоиш мавзуҳои “Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе”, “Саноат — омили асосии рушди иқтисод ва заминаи мусоиди сармоягузорӣ”, “Тоҷикистон — кишвари энергетикаи сабз”, “Иштироки бахши хусусӣ дар энергетикаи рушд”, “Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя” ва ғайра барассӣ мешаванд.

Дар рӯзи дуюми анҷуман ширкаткунандагон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода дидан карда, бо фаъолияти онҳо ошно мешаванд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш муаррифии шароиту имкониятҳо, барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади амалӣ намудани максади чоруми стратегӣ — индустрикунонии босуръати мамлакат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *