Стипендияи сафири Чин ба донишҷӯёни тоҷик

Ба 20 нафар донишҷӯи макотиби олӣ ва мактабхонҳои ҷумҳурӣ стипендияи сафири Чин дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ тақдим шуд.

— Ин маросим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид,- хабар медиҳад Сафорати Чин дар Тоҷикистон.

Дар маросими мазкур ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, сафири Чин дар Тоҷикистон Сзи Шумин, роҳбарони дигар макотиби олии кишвар ва муҳассилини донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ба гирифтани стипендия донишҷӯёни макотиби олии гуногун ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои мухталифи кишвар сазовор дониста шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *