Дар шумораи №39-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Аз кори хона мегурезам?”, “Шавҳарамро бо пул иваз кунам?”, “Ба ман раҳм кун, модар!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобнома” таҳти унвони “Мошин дар хоб”, “Ҷанги янгаву қайсингил дар хоб” ба суолҳои хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.

“Чаро зебосанам майхора шуд?”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи зане, ки бо марди аз худаш ҷавон оиладор шуда, билохира қурбони хиёнату фиреб ва чандин сахтиҳои зиёди дигар мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Масҷид аз пули рибо”, “Даромад аз мубодилаи асъор”, “Зиёфате, ки ҳарому ҳалол омехта аст”, “Ҳукми хӯрдану нӯшидан дар ҳаммом”, “Сари Ҳусайн дар куҷо дафн шудааст?” ва дигар саволҳо посухҳоро мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтаронаро, ки бо ҳарфи “П” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Зери рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволҳои хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Чандсоларо ба кор мегиранд?”, “Нафақа андоз дорад?”, “Киҳо ва чандсолаҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд?”, “Дарахтбурӣ ҷавобгарии экологӣ аст?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешаванд. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз “Салом, ҷонам!”-и Мубориз то “Шери нар”-и Фирӯза мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарманди саршинос ва маҳбуб Ҷаҳонгир Зарипов оид ба зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодӣ мутолиа карда метавонед.

Зери рубрикаи “Солимӣ ва зебоӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Варами сурхной ва меъда” посухи мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Уроқов Комрон пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Зери рубрикаи “Бонуи ҳунар” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо Нисо Рустамова, аввалин тоҷикдухтаре, ки дар самти навохтани асбобҳои зарбӣ фаъолият мекунаду дар ҷашнвораи байналмилалии “Марворидҳои ҷаҳон-2023”соҳиби унвони “Зебосанам” шудааст, мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *