Ҷамъомади ниҳоии тамринии Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҷамъомади ниҳоии тамринии худро қабл аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад, оғоз кард.

Ҷамъомади ниҳоии даста дар шаҳри Гулистон оғоз шуд. Пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Тошканд меравад ва дар онҷо бо бошгоҳи футзали ВМВ — қаҳрамони Ўзбекистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохўриҳо 2 ва 3-юми октябр ба нақша гирифта шудаанд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7-уми октябр), Фаластин (9-уми октябр) ва Мянмар (11-уми октябр) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва ҳамчунин ҳафт дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондоди беҳтарин ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *