Идомаи сохтмони хонаҳои сокинони зарардидаи садамаи нақлиётӣ

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони хонаҳои сокинони зарардидаи садамаи нақлиётӣ бомаром идома дорад. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ то оғози фасли зимистон ба охир расанд.

Корҳои сохтмонӣ дар боми қисмати иншооти мавриди назар ба охир расида, насби дару тиреза ва дигар корҳо ба итмом расидааст.

Мувофиқи нақша хонаҳои навбунёд дар вақти муайян ба соҳибонашон дода мешаванд.

Масъулин пайваста аз рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ боздид карда, талош доранд, ки корҳои сохтмонӣ саривақт ба охир расонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 6-уми августи соли равон бар асари садамаи маргбори нақлиётӣ хонаҳои истиқоматии 4 оила валангор шуда, чанд каси дигар фавтида буданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саривақт барои онҳо қитъаҳои замин ҷудо гардида, сохтмони хонаҳо бомаром идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *