Душанбе: Иштироки Сафорати Ҳиндустон дар нахустин ҷашнвораи чой

Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин ҷашнвораи чой, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамкории фарҳангӣ» дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Серена” ба хотири таблиғи чой багузор шуд, иштирок кард.

Дар ин ҳамоиш муовини якуми сафир — ҷаноби Ҷагдип Капур баромад намуда, миннатдории хешро ба меҳмонону иштирокдорон иброз дошт ва оид ба фарҳанги табодули чой дар Ҳиндустон суханронӣ намуд: «Чой маъмултарин нӯшокӣ дар Ҳиндустон аст. Мамлакат ҳар сол қариб 837 ҳазор тонна чой истеҳсол мекунад. Ҳиндустон инчунин дуюмин истеҳсолкунандаи чой дар чахон аст ва 80% чойи дар Ҳиндустон истеҳсолшударо аҳолии маҳаллӣ истеъмол мекунанд. Зиёда аз 75% чой дар қисми шимолии Ҳиндустон, боқимондааш дар куҳсори ҷанубӣ истеҳсол карда мешавад»,- гуфт ӯ.

Инчунин, дар фестивал гӯшаи Ҳиндустон ташкил шуд, ки дар он 10 навъи чойи ҳиндӣ, тамъ ва тарзи омода сохтани чойҳои Кашмир ва Масаларо ба намоиш гузошт ва аз тарафи меҳмонон, шаҳрвандони дигар халқу миллатҳои ба ҳам дӯст баҳои баланд гирифт. Ҳамзамон, дар намоиш ба меҳмонон намудҳои гуногуни чойи ройгон пешниҳод карда шуд.

Аз тарафи Маркази фарҳангии Свами Вивекананда, Сафорати Ҳиндустон барои меҳмонон ва иштирокичёни ҷашнвора рақсҳои ҳиндӣ пешкаш гардид.

Шаҳло СОДИҚЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *