Сӯхтор дар бозори Хоруғ.  Шарҳи расмии мақомот (аудио)

Мақомот сабаби сӯхтор дар бозори шаҳри Хоруғро шарҳ доданд.  Хисорот аз сӯхтор 1 миллион сомонӣ дониста мешавад.

  Бинои ба иттилои ВКД, 28 майи соли 2022 тахминан соатҳои 22:50 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар ворид гардид, ки дар яке аз биноҳои бозори марказии шаҳри Хоруғ сӯхтор ба амал омада истодааст.

“ Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ тамоми воситаҳои нақлиёти махсусӣ оташхомушкунӣ — 10 адад, насосҳои ёрирасон ва зиёда аз 500 нафар ҳайати шахсии сохторҳои қудрати сафарбар карда шудаанд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷаи сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар ҳаҷми тахминан 500 м2 ки 48 мағозаи хурдро дар бар мегирад, аз оташ зарари ҷиддӣ дида, 14 мағозаи дигар қисман зарар дидаанд. Дар умум хисорот аз сӯхтор ба ҳисоби пешакӣ 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сабаби сар задани сӯхтор тибқи хӯлосаи пешакии мутахассисон аз расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дуконҳои хӯроктайёркунии тезтайёри бозор будаааст.
Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *