Душанбе мизбони Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак (аксҳо)
Дар шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмиллалии театрҳои лӯхтак “Чодари хаёл” оғоз шуд.
Фестивал то 29-уми октябр идома ёфта, дар он театрҳои касбии лӯхтаки Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз қабили Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок мекунанд.
Тавре Pressa.tj хабар ёфт, Тоҷикистонро дар ин фестивали байналмиллалӣ театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ мекунанд.
Ҳадафи асосии фестивал ин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас маҳсуб мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ