Душанбе мизбони конференсияи байналмилалӣ
Дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Муколамаи мутамаддини Русия ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Конференсия дар доираи Созишномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти миллии рушди иртиботи Русия баргузор шуда, ҷаласаи пленариро муовини директори Институти миллии таҳқиқоти рушди робита Валентина Комлева ифтитоҳ намуд.
Дар конференсия аз ҷониби олимони институтҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Русия, донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории конференсия- рушди робитаҳои илмӣ ва муттаҳидсозии мавқеи олимону мутахассисони варзида ва коршиносони давлатҳои гуногун, инчунин таҳияи тавсияҳо ва таклифҳо оид ба рушди муколамаи байналмилалӣ ва эътимод ба дипломатияи илмию экспертӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ